Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдории Душанбе ба қаҳрамони ҷаҳон хонаи дуҳуҷрагӣ тӯҳфа кард


Эмомалӣ Нуралӣ.
Эмомалӣ Нуралӣ.

Имрӯз, 5-уми сентябр, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралӣ калиди хонаи дуҳуҷрагиро дар пойтахт тақдим намуд.

Ин варзишгари ҷавон, ки дастпарвари мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 6-и шаҳри Душанбе мебошад, моҳи августи соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар шаҳри Гуаякили Эквадор дар вазни то 66 кило мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Эмомалӣ баъди чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Италия, Фаронса, Туркия ва Молдова ба финал роҳ ёфт. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони феълии Осиё миёни ҷавонон Азизбек Ортиқови узбекистониро мағлуб кард.

Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Нуралӣ барои дарёфти медали тилло соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 2000 доллари амрикоӣ гардид.

Эмомалӣ Нуралӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳадафи асосии мо ба даст овардани медал буд. Хушбахтона, ин медалро ба даст овардем, бо ҳамроҳии мураббии худ".

Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ Эмомалиро мураббиаш Фаррух Собиров ҳамроҳӣ кард. Ӯ гуфт, ки то расидан ба ин қулла шогирдаш заҳмати зиёде ба харҷ додааст. "Ягон чиз бе мушкилӣ намешавад. Мушкилӣ ин буд, ки вақте Эмомалӣ тамрин менамуд, ҷояш меомад, ки гиря мекард, мегуфт, ки "дигар зӯрам намерасад, наметавонам". Аммо мо бештар кор, меҳнат мекардем".

Зимнан, дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин медали тилло аз қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ба шумор меравад. Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило моҳи октябри соли 2019 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.

Вале Сомон Маҳмадбеков ҳамчун аввалин қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон, ки дар Русия ба сар мебарад, барои ин дастовардаш соҳиби хона нашуд, ҳарчанд ба ӯ мукофоти молӣ тақдим намуданд.

Дар гузашта ҳам Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин-2008 ҳам дар риштаи гуштии озод шикоят карда буд, ки пас аз дастовардаш дар ин мусобиқаи бузургтарини ҷаҳонӣ, ҳарчанд ба манзили зист дар Душанбе ниёз дошт, аммо масъулин ин хости ӯро ба инобат нагирифтанд.

XS
SM
MD
LG