На камтар аз 70 ҳазор кас рӯзи шанбе, 3-юми сентябр, дар гирдиҳамоии сесоата дар маркази шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех иштирок кардааст. Дар ин бора пулиси он кишвар хабар дод. Иштирокдорон истеъфои ҳукумат, эълони бетарафӣ ва имзои созишнома барои хариди гази арзон, аз ҷумла аз Русияро талаб карданд.
Ин гирдиҳамоӣ дар майдони Ватслави Прага таҳти унвони "Чехия дар ҷойи аввал" ва бо шиорҳои зидди Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва ҳимоят аз Украина дар ҷанг бо Русия баргузор шуд. Суханронон талаб карданд, ки қабули гурезагон аз Украина кам, бетарафӣ эълон ва "ҳукумати чехӣ, на украиниву брюсселӣ" ташкил шавад.
Ҳукумати он кишварро барои гаронии нархи энержӣ ва беқурбшавии пул танқид мекунанд. Сарвазири он кишвар Петр Фиала гуфт, гирдиҳамоиро созмонҳои русиягарое ташкил карданд, ки мухолифи манфиатҳои Ҷумҳурии Чех ҳастанд.
Рӯзи ҷумъа мухолифон дар порлумон натавонистанд, ки ҳукумати Чехро ба истеъфо фиристанд. Гуфтумонҳо ва раъйдиҳӣ 22 соат давом кард. Ба истеъфои ҳукумат аз 200 вакил ҳамагӣ 84 вакил раъй дод. Барои истеъфои ҳукумат 101 раъй зарур буд. Эътилофи ҳукуматӣ бештари курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад.
Дар дохили Иттиҳоди Аврупо Ҷумҳурии Чех ҷонибдори сахтгирӣ бо Маскав аст. Ҷумҳурии Чех теъдоди бештарини дипломатҳои Русияро ихироҷ карда, аз таҳримҳои зидди Русия ҷонибдорӣ мекунад ва ба додани виза ба шаҳрвандони Русияро кам кардааст.
Бино ба баҳогузории ташкилкунандагони гирдиҳамоии рӯзи шанбе, на камтар аз 100 ҳазор кас дар ин маърака ширкат кардааст. Ташкилкунандагон гуфтанд, агар ҳукумат то охири ин моҳ ба истеъфо наравад, корпартоии сартосарӣ эълон хоҳанд кард.
Гуфтугӯ