Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркише дар як мактаб дар Ҳилманд чор нафар кушта шудааст


Вилояти Ҳилманд бо Покистон ҳамсарҳад аст.
Вилояти Ҳилманд бо Покистон ҳамсарҳад аст.

Дар натиҷаи инфиҷор дар дохили як мактаб дар Ҳилманд чор нафар кушта ва се тан захмӣ шудааст.

Мақомоти Толибон дар Ҳилманд гуфтаанд, ки мактаббачагон бо як мушаки нотаркида бозӣ кардаанд ва он таркидааст.

Дар миёни кушташудаҳо ду нафар духтарон низ будаанд.

Дар Афғонистон, ки беш аз чил сол боз ҷанг давом дорад, солона даҳҳо нафар аз минаҳо ё тирҳои нотаркида кушта мешаванд.

XS
SM
MD
LG