Дар қароргоҳи Оқсаройи шаҳри Тошканд маросими расмии ифтитоҳи китобхона ба номи президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов баргузор шуд.
Ин китобхона, ки соли 2018 таъсис ёфта буд, қаблан танҳо толори хониш дошт. Дар натиҷаи бозсозӣ дар китобхона чандин шуъба кушода ва бо ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Китобхона дорои беш аз 70 ҳазор китоб, 10 ҳазор маҷалла, ҳамчунин дастнависҳои донишмандону таърихнигорон дар бораи Ислом Каримов мебошад.
Дар бахши китобхонаи шахсии Ислом Каримов асарҳои муаллифии ӯ, китобҳое, ки дар ҷараёни сафарҳояш ба хориҷ туҳфа шудаанд, монография ва адабиёти бадеӣ ҷой дода шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳи китобхона ҳамсари Ислом Каримов Татяна Каримова иштирок ва суханронӣ кард.