Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон гуфт, "давраи хатарбори таърихӣ" фаро расидааст


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханрониаш бахшида ба оғози соли нави таҳсил вазъи ҷаҳонро "ҳассосу мураккаб ва пешгӯинашаванда" номид. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябр гуфт, истиқлоли баъзе аз кишварҳо зери "хатари ҷиддӣ" аст, аммо аз ҳеч кишваре ном нагирифт.

Ӯ дар Донишгоҳи тиббӣ бо ёдоварӣ аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва инки мардум "даҳшати ҷанг"-ро фаромӯш намекунанд, аз вазъи печидаву бӯҳронии ҷаҳон нигаронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳеч ҳодисаи мушаххасе ишора накард, аммо гуфт, пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон “мушкилтарин ва хатарбортарин давраи таърихӣ” фаро расидааст.

Ба андешаи ӯ, раванди аз нав тақсим кардани ҷаҳон ба миён омадааст, кишварҳо мусаллаҳ мешаванд ва “ҷанги сард торафт шиддат мегирад.”

Ба назар мерасад, ишораи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги Русия бо Украина рабт мегирад, вале Тоҷикистон ҳеч гоҳ расман мавқеи худро дар ин маврид изҳор надоштааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG