Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон бори нахуст ваксинаи кудаконаи Pfizer дарёфт кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон дар доираи барномаи "COVAX" бори аввал ваксинаи кудаконаи "Pfizer" зидди коронавирус ё COVID-19-ро дар ҳаҷми 201,6 ҳазор воя дарёфт кард.

Ба иттилои расонаи Gazeta.uz, ин ваксина аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Шветсия ройгон дода мешавад ва барои кӯдакони 5-11-сола пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ваксинаи мазкур бо мақсади дастгирии кӯшишҳои Вазорати тандурустии Узбекистон барои эмкунии кудакони 5-11 сола ва пешгирии паҳншавии намудҳои нави COVID-19 дар он кишвар тақдим шудааст.

XS
SM
MD
LG