Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди нерӯҳои Русия ва Украина барои Бахмут


Нерӯҳои Украина
Нерӯҳои Украина

Нерӯҳои низомии Украина ба хунсо кардани кӯшишҳои Русия барои даромадан ба шаҳри стратегии Бахмут идома доданд.

Русия аз ин роҳ мехоҳад, назорат бар минтақаи Донбасро бештар кунад.

Нерӯҳои Русия ҳафтаҳо пеш Северодонетск ва Лисичанскро ишғол карда, тамаркузи худро ба шаҳри калидии Бахмут равона намуданд.

Ба гузориши мақомоти низомии Украина, шаҳре, ки пеш аз оғози ҳамлаи бедалели Русия тақрибан 70 ҳазор сокин дошт, рӯзи 27-уми август тирборон карда шуд.

Артиши Украина ҳамчунин гуфт, бо вуҷуди зарбаҳои тӯпхона ва ҳавоии душман, нерӯҳояш ҳамлаи Русияро дар шаҳри Авдиевка зада баргардонданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG