Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Dell Technologies ҳам аз Русия рафт


Ширкати амрикоии Dell Technologies гуфт, корро дар бозори Русия пурра бас кардааст.

Сухангӯйи ширкат, Майк Сименас, ба Reuters гуфт: "Дар нимаи моҳи август тамоми намояндагиҳои худро баста, фаъолиятамонро дар Русия комилан қатъ кардем."

Вай афзудааст, "ҳанӯз дар моҳи феврали имсол тасмим гирифта будем, ки маҳсулотамонро дар Русия, Беларус ва ҳамчунин вилоятҳои Донетск ва Луҳански Украина нафурӯшем."

Dell ҳамаи кормандонашро дар Русия ихтисор карда, ба онҳо маоши ҳаштмоҳаашонро додааст.

Ширкати амрикоии Dell яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаи компютерҳо дар ҷаҳон ва бузургтарин таъминкунандаи серверҳо ба Русия мебошад.

Ба иттилои Донишгоҳи Йел, аз оғози ҷанг дар Украина беш аз ҳазор ширкати хориҷӣ бозори Русияро тарк ва ё фаъолияти худро маҳдуд кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG