Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон барои овардани ҷасади муҳоҷиронаш ҳавопаймо фиристод


Маҳалли ҳодиса
Маҳалли ҳодиса

Аз фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳавопаймои махсус барои овардани ҷасади қирғизистониҳои фавтида ба вилояти Улянови Русия рафтааст. "Ҳавопаймои ширкати "Avia Traffic" ҳамин рӯз ба фурудгоҳи Ӯш бармегардад", - хабар доданд масъулони фурудгоҳ.

Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон, дар робита ба фавти 14 шаҳрванди ин кишвар дар Русия муроҷиатнома нашр кард. Ҷабборов ба наздикони фавтидагон изҳори таслият ва инчунин 23-юми августро дар Қирғизистон рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Дар вилояти Улянови Русия дар натиҷаи як садама 16 кас фавтид.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки 14 нафар аз ин фавтидагон шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Се қирғизистонии дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои ин садамаро нашр карданд. Ба навиштаи корбарон, мошини борбар ба мусофирбаре бархурдааст, ки канори роҳ меистод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG