Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи як маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар ҷаҳон афзудааст


Нархи пахта, яке аз маҳсулотҳои стратегии Тоҷикистон, дар бозори ҷаҳонӣ 30 дарсад боло рафтааст.

Мутахассисон гуфтаанд, ин нишондиҳанда ҳадди ақал дар 10 соли охир рекордӣ ба ҳисоб меравад.

Хабаргузории Bloomberg навиштааст, дар пайи гармии камсобиқа ва хушксолӣ ҳудуди 200 ҳазор тонна пахта нобуд шуд.

Ҳиндустон, Амрико ва Бразилия истеҳсолкунандагони асосии пахта дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Аз ҳама зиёд заминҳои кишти пахта дар Амрико ва Бразилия осеб дидааст.

Пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон низ ба шумор меравад, вале солҳои охир кишти он камтар шудааст.

Тибқи омори расмӣ, имсол дар кишвар дар бештар аз 181 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки назар ба нақшаи пешбинишуда 4,5 ҳазор гектар камтар аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG