Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 парвози ҳавопаймо дар ҳафта байни Саудӣ ва Узбекистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муовини вазири нақлиёти Узбекистон Ҷасурбек Чориев гуфт, байни Арабистони Саудӣ ва Узбекистон дар ҳафта 14 парвози ҳавопаймо ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ин намояндаи Вазорати нақлиёти Узбекистон афзуд, тафоҳумнома дар бораи парвозҳо дар доираи сафари президенти Узбекистон ба Арабистони Саудӣ имзо шуд.

Парвозҳо аз шаҳрҳои Узбекистон ба Риёзу Ҷидда ва Мадинаи Саудӣ ташкил мешаванд.

Ҷасурбек Чориев афзуд, то ин замон ҳавопаймоҳо аз Узбекистон ба Арабистони Саудӣ танҳо барои интиқоли ҳоҷиён парвоз мекарданд. Акнун парвозҳои доимӣ ба роҳ монда шуда, мусофирон барои ҳадафҳои тиҷорӣ ва ғайра ба ду кишвар равуо хоҳанд кард.

Пештар аз ин, Узбекистон барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ иҷозаи равуои бидуни визаро дод. Шаҳрвандони Арабистони Саудӣ иҷоза доранд, бе виза 30 рӯз дар Узбекистон бимонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG