Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Албания ду рус ва як украинӣ бо гумони ҷосусӣ боздошт шудаанд


Парчами Албания
Парчами Албания

Дар Албания ду шаҳрванди Русия ва як украиниро ҳангоми талош барои ворид шудан ба як корхонаи низомӣ дар наздикии шаҳри Грамши боздошт кардаанд. Яке аз онҳо муқовимат карда, ду посбони корхонаро захмӣ кардааст. Эди Рама, сарвазири Албания гуфт, онҳо ба ҷосусӣ гумонбар мешаванд.

Вазорати дифои Албания хабар дод, ки як ҷавони 24-солаи рус талош кардааст, ки ҳудуди як корхонаи низомиро аксбардорӣ кунад ва ҳангоми боздошт гӯё ба муқобили посбонон аз баллони газ истифода кардааст. Ӯро як зани 33-солаи рус ва як шаҳрванди 25-солаи Украина ҳамроҳӣ мекарданд.

Расонаҳои Албания акси асноди зани боздоштшудаи русро нашр карданд. Ин Светлана Тимофеева (Лана Сатор), сайёҳ ва суратгири шинохта дар Русия аст.

Корхонаи низомие, ки онҳо талоши ворид шудан карда буданд, дар замони Шӯравӣ автомати навъи АК-49 истеҳсол мекард.

Дар Русия ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Албания аз соли 2009 узви созмони низомии НАТО аст.

XS
SM
MD
LG