Садҳо нафар аз тазоҳургарон дар вилояти Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ дар Эрон, ки ба зидди камобӣ дар вилоят эътироз доштанд, “марг ба Раисӣ” шиор додаанд, ки ишора ба номи раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ аст.
Дар видеоҳое, ки рӯзи 16-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, садҳо нафар дар назди бинои ҳукумати вилоят дар маркази он Шаҳрикурд дида мешаванд. Об дар инҷо дар 10 рӯзи гузашта бисёр кам шудааст ва ба мардум фақат бо мошинҳои обкаш об тақсим мекунанд.
Неруҳои амниятӣ ҳам дар байни тазоҳургарон дида мешаванд, аммо ҳеч гузорише дар бораи зӯроварӣ нарасидааст. Агарчӣ камобӣ солҳост дар бисёре аз гӯшаҳои Эрон идома дорад, вале вилояти Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ аз чанд вақт пеш аз норасоии об бештар ранҷ мекашад. Сабаб ҳам аз шабакаҳои обёрӣ ҷудо кардани чашмаи Куҳранг будааст, ки ба қавли раиси Идораи обу фозилоби вилоят дар натиҷаи сел гилолуд шудааст.
Эътизод Муқимӣ, як намояндаи вазорати энержӣ рӯзи 14-уми август гуфт, мушкилоти тасфияи об дар корхонаҳои поксозии об дар як рӯз ҳал мешавад ва хонаҳои мардум бо об таъмин мешавад. Сокинони вилоят мегӯянд, вазъ аз он рӯз тағйир наёфтааст.