Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мегӯянд, Мавлавӣ Муҷоҳидро дар марз бо Эрон куштанд


Маҳдӣ Муҷоҳид аз тарафдорони Толибон буд, вале баъдан ба зидди онҳо бархост.
Маҳдӣ Муҷоҳид аз тарафдорони Толибон буд, вале баъдан ба зидди онҳо бархост.

Мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид, фармондеҳи норозии ҳазоратабори гуруҳи Толибон дар марзи Афғонистон кушта шудааст.

Вазорати дифои ҳукумати Толибон рӯзи 17-уми август эълон кард, ки Мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид ҳангоми талоши убури марзи Ҳирот ба самти Эрон аз ҷониби Толибони марзбон кушта шудааст.

Мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид, ягона фармондеҳи шиаи ҳазоратбори Толибон буд, ки пас аз барканорӣ аз раҳбарии амнияти ҳукумати Толибон дар ноҳияи Балхоби вилояти Сарипул бо ин гурӯҳ даргир шуд. Дар ҷанге, ки як ҳафта бо нерӯҳои таҳти фармони ӯ бо Толибон дар Балхоб ҷараён гирифт, даҳҳо нафар кушта шуданд. Баъдан, Толибон гуфтанд, ки Балхобро гирифтанд ва Маҳдӣ Муҷоҳид фирор кардааст. Маълум нест, Толибон Маҳдӣ Муҷоҳидро кай куштаанд.

Яке аз сухангӯёни Маҳдӣ Муҷоҳид, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ кушта шудани ӯро тасдиқ кард. Дар эъломияи Толибон аз Маҳдӣ Муҷоҳид “бағоватгар” ва ё саркаш ном бурда шудааст.

Маҳдӣ Муҷоҳид 13 сол пеш замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доштанд, ба Толибон пайваст ва дар суқути низоми ҳукумати собиқ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нақши муҳим бозид. Аммо пас аз даҳ моҳи ба қудрат расидани Толибон, ба муқобили ин гурӯҳ бархост.

Ба гуфтаи огоҳон, ихтилофи Маҳдӣ Муҷоҳид бо Толибон аз он оғоз шуда буд, ки ӯ хостори саҳми бештари ҳазораҳо дар ин гурӯҳ будааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ борҳо аз Толибон хостаанд, то ҳукумати фарогир ташкил кунанд ва ин яке аз шартҳои ба расмият шинохтани ҳукумати ин гурӯҳ ҳаст.

XS
SM
MD
LG