Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдгорӣ барои сайёҳони кушташуда дар Данғара "нопадид" шудааст. ВИДЕО


Аз ин ёдгорӣ ба ҷуз пояҳои шикаста ва як гули сунъӣ дигар чизе боқӣ намондааст.
Аз ин ёдгорӣ ба ҷуз пояҳои шикаста ва як гули сунъӣ дигар чизе боқӣ намондааст.

Ёдгорие, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба хотири эҳтиром ба сайёҳони кушташудаи хориҷӣ гузошта шуда буд, нопадид гаштааст.

Рӯзи 29-уми июли соли 2018 дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара чор дучархарони хориҷӣ кушта шуд. Гурӯҳи мамнӯъи “Давлати исломӣ” ҳамларо бар дӯш гирифт.

Моҳи сентябри он сол, дар ҷои қатли сайёҳони хориҷӣ, аз сӯи Кумитаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо сафорати Амрико як нишон ва дучарха насб шуда буд.

Дар ҳукумати ноҳияи Данғара ва ҳукумати вилояти Хатлон шарҳ надоданд, ки ин ёдгорӣ куҷо шудааст. Зоҳиран, пояҳои онро шикастаанд.

Охири моҳи июли соли 2018 ҳодисаи қатли ҷаҳонгардон сару садо ба по карда буд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо гашт, дида мешуд, ки дучархаронҳоро аввал мошине пахш мекунад ва баъдан ба онҳо ҳамла мекунанд.

Як рӯз баъд, мақомот аз кушта шудани се ҳамлагар ва боздошти яке аз онҳо хабар дод. Баъдан, 14 нафаре, ки ба гуфтаи маоқомоти тоҷик, бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ доштанд, боздошту зиндонӣ шуданд. Ҳусейн Абудсамадов, ки мақомот ӯро раҳбари гурӯҳи ҳамлагарон ном бурда буд, ҳукми абад гирифт ва соле пас наздиконаш гуфтанд, ки дар зиндон аз бемории тӯлонӣ ҳалок шудааст.

Мақомот гуфтанд, ки ҳамларо ҷиддӣ таҳқиқ кардаанд, ҳарчанд, ҳанӯз дар бораи он шубҳаҳо вуҷуд дорад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Муҷассамаи дучарха дар шоҳроҳи Душанбе-Данғара нопадид шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Пас аз як моҳи ҳодиса дар моҳи сентябри соли 2018 Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон муҷассамаи дучархаро дар ин макон гузошта буд. Масъулини Кумита он вақт гуфтанд, ин кор рамзи эҳтиром ва арзи таслият ба оилаи қурбониҳо аст. Дар замони гузоштани муҷассамаи дучарха, даҳҳо дучархарон аз Душанбе то ба ин макон ҳаракат карданд ва инро як рамзи эҳтиром ба дучархаронҳои хориҷӣ номиданд.

Он вақт ин ёдгорӣ гулборон шуда буд. Ҳоло, ба ҷуз пойдевори бетонӣ ва як гули сунъӣ дигар нишоне аз он намондааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG