Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар семоҳаи дувуми имсол 1,5 млн шаҳрванди Узбекистон ба Русия рафтааст


Муҳоҷирони узбек.
Муҳоҷирони узбек.

Дар семоҳаи дувуми имсол 3 миллиону 120 ҳазор кас барои кор ба Русия рафтаанд. Ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 25 дарсад бештар арзёбӣ мешавад ва дар шаш соли охир рақами рекордӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бора мақомоти корҳои дохилии Русия хабар доданд.

Бино ба омори вазорати корҳои дохилии Русия, 49,6 дарсади муҳоҷирон, ки моҳҳои апрел, май ва июни исоли вориди Русия шудаанд, шаҳрвандони Узбекистон, 30 дарсад шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. 40 дарсади онҳо дар шаҳри Москва ва вилояти Москва кор пайдо кардаанд.

Бино ба омори расмӣ, аз Узбекистон ба Русия 1 миллиону 544 ҳазору 900 кас ва аз Тоҷикистон 953 ҳазор кас, аз Арманистон 108,2 ҳазор, аз Озарбойҷон 79 ҳазор, аз Белорус 42 ҳазор, аз Чин 32,2 ҳазор, аз Украина 28,2 ҳазор ва аз Молдова 17,2 ҳазор кас ворид шудаанд.

Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон хабар медиҳад, ки назарпурсиҳо нишон додаанд, 40 дарсади шаҳрвандон гуфтаанд, ба далели бекорӣ ва ноустувории бозори арз мехоҳанд, ба Узбекистон баргарданд.

XS
SM
MD
LG