Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳам дар куштори блогнависи узбекистонӣ 16,5 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 9 август ҳукми муттаҳам дар куштори блогнавис Асал Хоҷаевро содир кард, ки бо номи Asalhoney маъруф буд.

Дар ин куштор Каримберган Шоназаров, зодаи вилояти Хоразми Узбекистон, соли таваллудаш 1997, дар асоси моддаҳои "Куштори барқасдона" ва "Ғорат бо вуруди ғайриқонунӣ ба манзил ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ" айбдор дониста шуд.

Ҷасади Асал Хоҷаев рӯзи 18 марти соли ҷорӣ дар манзилаш дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд пайдо шуда буд.

XS
SM
MD
LG