Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтаре, ки бо талоши падар забон меомӯхт, дар Бритониё медали тило гирифт. ВИДЕО


Оминаи Иззатулло соҳиби медали тилои мусобиқае дар Бритониё шуд.
Оминаи Иззатулло соҳиби медали тилои мусобиқае дар Бритониё шуд.

Оминаи Иззатулло, як духтари 14-сола аз ноҳияи Восеъ, ки Радиои Озодӣ дар бораи талошҳои забономӯзиаш гузориш карда буд, дар миёни ҳамсолонаш дар озмуни “Teeneagle ONLINE” дар Бритониёи Кабир ҷойи аввал гирифтааст.

Ин озмун барои наврасони донандаи хуби забони англисӣ аз 50 кишвари олам ҳамасола аз ҷониби колеҷи маъруфи “Brooke House” баргузор мегардад.

Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, имсол дар ин озмун 31 наврас аз Тоҷикистон ширкат кардааст. Дар баробари Омина, инчунин ду навраси дигар, Нозанин Шокирова, аз Душанбе ва Шукрона Аюбова, аз Хуҷанд мақоми аввалро соҳиб шудаанд. Аксари ширкатдорони дигар ҷойи дуюм ва сеюм гирифтаанд.

Изатулло Худойқулов, падари Омина аз пирӯзии духтараш хушҳол аст. Ӯ мегӯяд, духтараш дар миёни иштирокчиёни дигар ягона духтар аз ноҳияи дурдаст буд. "Бисёр хурсандам, ки духтарам дар ин озмун ҷой гирифт. Ҳафтаи дигар ба Тоҷикистон бармегардад,"--гуфт ӯ.

Наврасони тоҷик имкони иштирок дар озмунро пас аз пирӯзӣ дар даври аввали он, ки моҳи феврал онлайнӣ баргузор шуда буд, соҳиб шуданд.

Видеои Радиои Озодиро дар бораи талошҳои Омина инҷо бинед:

Оминаи Иззаттулло гуфта буд, ки падараш ӯро ташвиқ кард, то забони англисӣ омӯзад ва ба хориҷи кишвар сафар кунад.

Дар аксар деҳоти Тоҷикистон бархе падарон монеи таҳсили духтаронашон мешаванд, аз ин рӯ, Омина аз талошҳои падараш бо ифтихор нақл мекунад.

Озмуне, ки Омина дар он ширкат кард, аз 31-уми июл то 7-уми август дар Бритониёи Кабир давом кард.

Солҳои ахир омӯхтани забони англисӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва бар асоси бархе таҳлилҳо, ҳоло аз ҳама бештар наврасони тоҷик ин забонро меомӯзанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG