Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори қазоқ Антон Князев латукӯб шудааст


Антон Князев, рӯзноманигори қазоқистонӣ.

Хабарнигори сомонаи "Назорати роҳ" Антон Князев 3 август дар шаҳри Уст-Каменогорск аз сӯи афроди ношинос латукӯб шудааст.

Бино ба иттилои “Назорати роҳ”, ҳодиса шаби 3 август дар яке аз фурӯшгоҳҳои шаҳр рух додааст. Гуфта мешавад, ҳамлагарон на танҳо рӯзноманигорро латукӯб кардаанд, балки ба мошине, ки ӯ бо он омада буд, осеб расондаанд.

Сомона аз қавли рӯзноманигор навиштааст, ки ӯ ним соат омадани пулисро мунтазир мондааст. Ба гуфтаи Князев, гурӯҳи афроди ношинос ҳатто пас аз омадани пулис ба амалҳои ғайриқонунӣ алайҳи ӯ идома медоданд. "Ҳама чиз дар пеши назари онҳо рӯй дод", - афзудааст рӯзноманигор.

Раёсати пулиси вилояти Қазоқистони Шарқӣ хабар дода, ки дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Авбошии гуруҳӣ" парванда боз шудааст. Ба иттилои пулис, шахсияти ду гумонбар – соли таваллудашон 1994 ва 1999 муайян карда шудааст.

XS
SM
MD
LG