Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки мавқеи ин кишвар “нисбат ба Тайван бетағйир” аст ва аз сиёсати “Чини ягона” ҷонибдорӣ мекунанд.
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 4-уми август дар пасманзари сафари Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико ба Тайван нашр шуд. Сафари ин мақоми амрикоӣ хашми Чинро ба бор овард ва ба Амрико таҳдид кард, ки ба ин рафтораш посух хоҳад дод.
Чин Тайванро бахше аз хоки худ медонад. Тайван худро кишвари мустақил медонад ва аз озодиҳо ва демократияи худ дифоъ мекунад. Амрико аз Тайван пуштибонӣ мекунад.
Дар изҳороти худ ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, “ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем.”
Тоҷикистон як кишвари вобастаи сармояҳои Чин аст. Ба ин далел, ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон аз мавқеи Чин пуштибонӣ хоҳад кард.