Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пул додем, на ба тамрин бурданд, на билети ҳарбӣ доданд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳе аз ҷавонон дар Тоҷикистон хостаанд, бо пардохтани пул тамрини якмоҳаро гузашта, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд, аммо чанд моҳ боз дар вазъияти номуайяне мондаанд. Мақомот гуфтанд, ки барои даъвати онҳо омодагӣ доранд.

"Аввал моҳи июн гуфтанд, сипас июл ва ҳоло август"

Тибқи қонуни нави хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон, ҷавонон метавонанд, бо пардохтани беш аз 26 ҳазор сомонӣ фақат як моҳ давраи сарбозиро гузашта, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Баъзе аз онҳое, ки хостанд, аз ин имкон истифода кунанд, мегӯянд, пулро дода, аз кумисюни тиббӣ гузаштанд, аммо аз давраи якмоҳаи хидмат ва билети ҳарбӣ хабаре нест.

Муроҷиат кардем, мегӯянд, ҳоло фармон набаромадааст.

Фирӯз, сокини 21-солаи шаҳри Норак, мегӯяд, моҳи феврали имсол пули хидматро супурд, аммо намедонад кай онҳоро ба хидмати якмоҳа мебаранд.

“26 ҳазору 680 сомониро дар хазина супоридем. Расид (чек) дар дастамон ҳаст. Гуфтанд, моҳи май якмоҳа ба хидмат мебаранд. Ду бор аз санҷиши тиббӣ гузаштем. Баъдан моҳи июн гуфтанд, боз моҳи июл. Ҳамин тавр, моҳи август шуд ва то ҳол дигар даъват накарданд,” – гуфт ӯ рӯзи 30-юми июл.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, чанд бор ба масъулон муроҷиат кард, вале посухи дақиқ нагирифт. “Пештар дар Русия кор мекардам. Масъулони ноҳия падару модарамро маҷбур кардаанд, ки маро баргардонда, ба артиш фиристанд. Пулеро, ки барои тӯй ҷамъ карда будам, ба хидмати якмоҳаи ҳарбӣ супурдам. Хостам, зуд ин марҳила тай шаваду дубора ба Русия баргардам, аммо ҳоло ҳайрону интизор мондаам,” – гила кард ӯ.

“Бояд барои таҳсил мерафтам, аммо...”

Ҷавони дигар аз шаҳри Исфара мегӯяд, ӯ ният дошт, ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил дар Русия супорад, аммо қабл аз ин хост, хидмати пулакӣ ё шартномавиро гузарад. Ба ӯ ҳам гуфтаанд, моҳи июн ба хидмати якмоҳа бурда мешавад.

“Моҳи июн занг зада, гуфтанд, ба комиссариати ҳарбӣ биёед. Ман корро партофта омадам, аз духтур гузаштем. Гуфтанд, 15-уми июн ба хидмати якмоҳа сафарбар мешавед. Дигар бо ҳамин нарафтем. Муроҷиат кардем, мегӯянд, ҳоло фармон набаромадааст. Ман бояд барои таҳсил мерафтам, аммо кор ранги дигар гирифт,” – нақл кард мусоҳиби мо, ки нахост номаш фош шавад.

Моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон қонуни нави хидмати ҳарбӣ қабул шуд. Ин қонун бори аввал дар кишвар хидмати пулакиро пешбинӣ кард. Тибқи он, ҷавонон имкон пайдо карданд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Тақрибан ду мавсими ахир даъвати ҷавонон ба артиш бар асоси ҳамин қонуни нав сурат мегирад.

Мушкил чист?

Фаридун Маҳмадализода
Фаридун Маҳмадализода

Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, гуфт, ҷавононе, ки пул пардохтаанд, баъд аз омода шудани пойгоҳҳо ба хидмат даъват хоҳанд шуд. “Пойгоҳҳо бояд пурра ба талабот ҷавобгӯ карда шаванд. Дар байн боз дигар нақша-чорабиниҳо ҳам ҳастанд, ки дар ин пойгоҳҳо ба нақша гирифта шудаанд. Ҳатман давоми моҳи август ё охири он даъват мешаванд,” – шарҳ дод ӯ.

Бо таваҷҷӯҳ ба таъхир дар даъвати ҷавононе, ки бо пардохти маблағ бояд омодагии ҳарбии якмоҳаро мегузаштанд, баъзе аз коршиносон мегӯянд, “механизми шеваи нави хидмат ҳанӯз дуруст ба роҳ монда нашудааст”.

Диилрабо Самадова
Диилрабо Самадова

Дилрабо Самадова, раиси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, “соли гузашта, тирамоҳ, чанд нафар ин навъи хидматро гузаштанд. Сифат он қадар баланд нест, чун ҳоло ҷойи махсус, афсарони махсус ё барномаи махсус омода нашудааст. Ман, албатта, пурра намедонам, аммо чанд таҷрибаро шунидам. Бояд сифати ин шакли хидмат ҳам боло бурда шавад. Ин ҳам хидмати ҳарбӣ аст, он кору малакае, ки ҷавонон дар 12 ё 24 моҳ аз худ мекунанд, ин гурӯҳ бояд дар як моҳ гузарад.”

Қонун нав шуд, “сарбозшикор” монд

Дақиқ нест, ки то имрӯз чӣ теъдод аз ҷавонон тибқи қонуни нав барои хидмати якмоҳа маблағ додаанд, аммо ин шакли хизмат бар асоси квотаи пешбинишудаи мақомот сурат мегирифтааст. Яъне, шумори сарбозоне, ки ба хидмати якмоҳа фаро гирифта мешаванд, аз квотае вобаста аст, ки давлат ҷудо мекунад. Бино ба баъзе нишондодҳо, соли гузашта барои хидмати якмоҳа 600 квота ҷудо шуда буд.

Бар асоси қонуни нав, солона то 10 дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб мешаванд. Бо қабули қонун, шикоятҳо аз “сарбозшикор” кам нашуд. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат гуфта мешавад.

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон ба порлумони кишвар пешниҳод кардаанд, ки барои пахши хабарҳои, ба гуфтаи онҳо, "дурӯғ" дар бораи шарту шароити хидмат дар артиш, аз ҷумла "сарбозшикор", ҷарима ё ҳабси маъмурӣ таъин шавад. Мақомот ҳадафи тасмими худро пешгирӣ аз бадномшавии артиш номидаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ маҳдудияте барои бозтоби маъракаи муҳим донистанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG