Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марг дар даруни трансформатор. Фирор аз “сарбозшикор” ё бехонагӣ?


Ҷасади марди ношиносро аз дохили ин трансформатор пайдо карданд.

Дар маҳаллаи маъруф ба "Воданасос"-и шаҳри Душанбе як ҷавон аз зарбаи нерӯи барқ фавтидааст ва бархе шоҳидон мегӯянд, ӯ аз "сарбозшикор"-и мақомот фирор мекард.

Ин ҳодиса, пас аз нисфирӯзии 12-уми май рух додааст. Чанде аз сокинон гуфтанд, "ҷавон аз тарси "облава" гурехта, ба дохили трансформатор ворид шудааст, ки дар натиҷа аз шиддати нерӯи барқ ба ҳалокат расидааст".

"Ба 30-35 солаҳо монанд аст"

Нусратулло Маҳмадзода, сухангуи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, марги ин сокинро бар асари шиддати нерӯи барқ тасдиқ намуд, вале таъкид кард, ки то ҳол шахсияти ӯ маълум нест. Ӯ афзуд, ки нафари фавтида аз рӯи қиёфааш ба 30-35 солаҳо монанд аст, вале то ҳол ҷузъиёти бештар маълум нест. Маҳмадзода мегӯяд, феълан тафтишот барои муайян намудани шахсият ва сабаби рух додани ҳодиса идома дорад.

Рӯзи 13-уми май атрофи маҳали ҳодиса, назди "тарнсформатор" чанде аз кормандони пулис ба назар мерасид. Онҳо аз додани ҳар гуна маълумот худдорӣ мекарданд. Яке аз кормандони пулис, гуфт, "нафари фавтида чупон буда, синаш аз 40 боло аст ва марги ӯ рабте ба хидмати ҳарбӣ надорад". Вале дар ин бора сухангуи ВКД чизи дигар гуфт. Ду сокини маҳаллӣ, ки нахостанд номашон бурда шавад, гуфтанд, нафари фавтидаро хеле зуд аз ҷои ҳодиса бурданд, ки натавонистанд чеҳраи ӯро бубинанд. Ҳеҷ кадоме аз ҳамсуҳбатони мо дар бораи шахсияти фавтида маълумоти дақиқ надоштаанд.

Шоҳидон аз "облава" гуфтанд. Мақомот чӣ?

"Бачаакро "облава" карданӣ буданд, сур карданд, ки даруни "трансфмортар" даромад, мо даромаданшро дидем, лекин дигар надидем, ки ҷасади ӯро чӣ хел бароварданд. Моро наздик шудан намонданд,"--афзуд, яке аз ҳамсӯҳбатони мо, ки иддао дорад, дар ҷои ҳодиса буд.

Диловар Баротзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба сомонаи нашрияи "Тоҷикистон", Pressa.tj гуфтааст: “Ҳодиса нисфирӯзии 12-уми май дар кӯчаи Гагарин, назди бозори “Варзоб” рух дод. Марди тақрибан 30-35-сола, ки мувофиқи маълумоти ба мо расида, ӯ бомж аст ва аз беэҳтиётӣ вориди трансформатор шуда, фавтидааст. Ҳоло шахсияти вайро маълум карда истодаем”.

Нафаре, ки шахсияташ шиносоӣ нашудааст, бар кадом асос "бомж" номида шудаааст, маълум нест.

Нашрия низ гуфтааст, ки он шахс аз "облава" гурехта, дар дохили трансофрматор ҷон додааст.

Талошҳои мо дар Шӯъбаи Вазорати умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои дарёфти иттилои бештар бенатиҷа монд. Касе нахост дар ин бора гап занад.

"Облава" сари забонҳост

Ба иттилои расмӣ, шаҳри Душанбе дар қатори чанд шаҳру навоҳии дигар нақшаи даъвати ҷавонон ба артишро иҷро кардааст. Дар гузашта чунин шикоятҳое буд, ки гоҳе кормандони мақомот афродеро мехоҳанд ба хидмат ҷалб намоянд, ки бар асоси қонун рафтанашон ба артиш манъ аст.

Дар даъвати баҳории имсола ба созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" танҳо дар Душанбе 200 арзу шикоят оид ба тарзҳои гуногуни ҷалби сокинон ба хидмати ҳарбӣ расидааст, ки аксари онҳоро донишҷӯён ташкил медодаанд.

Дар чанд рӯзи ахир шикоятҳо аз даъвати иҷбории ҷавонони донишҷӯъ ба артиш бештар садо медиҳад.

Бо вуҷуди шикоятҳои зиёд аз даъвати иҷборӣ ба артиш ё "сарбозшикор" мақомот вуҷуди чунин ҳолатро рад мекунанд.

Дар Тоҷикистон баҳору тирамоҳ ҷавонони 18 то 27-соларо ба артиш мебаранд. Сокинон мегӯянд, ба сабаби вазъи бад ва зарбу лат дар қисмҳои низомӣ аз фиристодани фарзандон худдорӣ мекунанд. Мақомот мегӯянд, бараъкс, вазъ беҳтар шуда, сафи ихтиёриёни хидмат афзудааст.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG