Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, ки чаро хабарнигорро дар Душанбе маҷбурӣ ба артиш бурданд. ВИДЕО


Шоҳрухи Исмоил
Шоҳрухи Исмоил

Пайвандони Шоҳрухи Исмоил, корманди 24-солаи телевизиони “Душанбе”, мегӯянд, ӯро маҷбурӣ ба артиш бурдаанд. Лаҳзаи “сарбозшикор”-и ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро барпо кард. Мақомот гуфтанд, Шоҳрухи Исмоил даъватнома гирифта, ба комиссариат ҳозир нашуд ва ӯро маҷбуран ҳозир карданд. Пайвандонаш ба додситонӣ шикоят бурдаанд.

Вазорат: Даъватнома додем, наомад

Шоҳрухи Исмоилро 12-уми апрел аз назди кинотеатри “Ватан” дар Душанбе зӯран ба артиш бурдаанд. Он лаҳзаро шахсе аз дохили мошин ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошт.

Дар видео дида мешавад, се нафар либоси мулкӣ ба тан як ҷавонро базӯрӣ дар мошини ширкати “Рахш Такси” бор мекунанд. Ҷавони боздоштшуда “ҳой мардум” гуфта, дод мезад, вале касе аз атрофиён ба қазия таваҷҷуҳ надошт.

Бисёре аз корбарони шабакаҳо ин ҳолатро “облава” номиданд. Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса сарбозшикор набуд.

Фаридун Маҳмадализода
Фаридун Маҳмадализода

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯйи Вазорати дифоъ, рӯзи 14-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот чанд бор ба Шоҳрухи Исмоил даъватнома доданд, то ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад. Вале, ба иддаои ӯ, Шоҳрухи Исмоил ихтиёран ҳозир нашуд ва баъдан номашро ба кормандони пулис доданд, то ӯро ба комиссариати ҳарбӣ биоранд.

“Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо карда оварданд. Дидем, қобили хидмати ҳарбӣ аст, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ фиристодем," -- афзуд сухангӯи Вазорати дифоъ.

“Пас, чаро дар пойтахт дастгир шуд?”

Пайвандони Шоҳрухи Исмоил ба ҳарфҳои мақомот розӣ нестанд. Абдулло, яке аз бародарони Шоҳрухи Исмоил, дар суҳбати телефонӣ рӯзи 14-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, саломатии бародараш хуб набуд. “Ба Додситонии ҳарбӣ ариза навишта, хостем, ки саломатии бародарам аз нав санҷида шавад,” – афзуд ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

Журналисти телевизиони пойтахтро аз кӯча ба артиш бурданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Пайвандони Шоҳрухи Исмоил ҳозир нашуданд, дар назди дурбин суҳбат кунанд. Бародари ин корманди телевизион мегӯяд, агар Шоҳрухи Исмоил бо даъватнома ба комиссариат ҳозир нашуд, чаро ӯро на дар ҷойи зисташ, ноҳияи Рӯдакӣ, балки дар пойтахт “дастгир” карданд. “Ӯро “облава” карда бурданд," -- мегӯяд бародари Шоҳрухи Исмоил ва афзуд, то ҳол намедонанд, ки ба кадом қисми ҳарбӣ фиристодаанд.

Дар ду ҳафтаи гузашта сокинон аз чанд мавриди “сарбозшикор” дар Тоҷикистон шикоят карданд. Аввали ҳафтаи ҷорӣ як ҷавонро аз назди Донишкадаи санъати тасвирӣ зӯран ба нақлиёт савор карда бурдаанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон ду бор – баҳору тирамоҳ – маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш сурат мегирад. Тақрибан дар ҳар мавсими даъват шикоятҳо аз сарбозшикор ё “облава” расонаӣ мешавад. Мақомот аз афзудани сафи ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ мегӯянд.

XS
SM
MD
LG