Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баъзеҳо дар Русия, баъзеҳо дар мардикорбозор". Чаро 15 ҳазор омӯзгори тоҷик тарки пеша карданд? ВИДЕО


Яке аз мактабҳои Тоҷикистон

Дар ду соли охир наздик ба 15 ҳазор муаллим дар Тоҷикистон касби худро гузошта, ё ба муҳоҷират ратфтаанд ё аз паси кори дигар. Сокинон ин оморро ташвишовар медонанд. Масъулони Вазорати маориф мегӯянд, ҳоло дар кишвар ҳамагӣ ба каме бештар аз ҳазор муаллим ниёз доранд.

Сабаб – маоши кам ва бадгӯӣ

Маоши камро яке аз сабабҳои асосии тарки пеша кардани омӯзгорон медонанд. Ин музд моҳе аз 800 то 1200 сомониро ташкил медиҳад ва коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки бетағйир монданаш суръати “фирори мағзҳо”-ро аз бахши маориф метезонад.

Парвиз Султонов пас аз 15 соли кор дар мактаб омӯзгориро тарк карда, ҳоло дар Русия муҳоҷир аст. Мегӯяд, тасмимгирӣ осон набуд, вале маҷбур шуд.

“Аз муаллими синфҳои ибтидоӣ то муовини мудири мактаб расидаму кор кардам. Солҳои аввал, замоне нав оиладор шуда будам, маоши кам чандон таъсир надошт. Вақте фарзандон калон шуданду мактабхон, маош намерасид. Маҷбур корро партофам. Се сол аст, ки дар шаҳри Санкт-Петербург муҳоҷирам,” – нақл кард ӯ.

Чаро омӯзгорони тоҷик шогирдонро монда мераванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Ин омӯзгори собиқ ҳасрати касбашро мехӯрад. Ҳамзамон бо нигаронӣ мегӯяд, “шароити имрӯзаи Тоҷикистон сабаб шуд, ки солҳои охир аз омӯзгор симои манфӣ бисозанд”. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ муаллимонро “бесавод, бемасъулият ва белаёқат” меноманд ва менависанд, “аз хонандагон пул мерӯёнанд, бачаҳоро мезанад ё бачаҳо ӯро мезананд” ва монанди инҳо.

“Ин ҳама ба рӯҳия ва кори омӯзгороне, ки касби худро дӯст медоранду барои пешрафти шогирдонашон тамоми талошро мекунанд, бетаъсир намемонад,” – гуфт Парвиз Султонов.

Аз мактаб рафтанд, ба куҷо?

Бино ба омори расмӣ, аз тақрибан 15 ҳазор муаллиме, ки тарки мактабу шогирдон карданд, 50 дарсадашон ба мисли Парвиз Султонов барои кор ба Русия рафтаанд.

“2281 нафар ҷойи зистро иваз карда, 294 нафар ба кори дигар гузаштаанд. 37 нафар ба хидмати ҳарбӣ рафт, 593 нафар бо сабаби беморӣ корро бас карданд. 1031 нафар ба нафақа баромаданд ва 3153 нафар бо сабабҳои номаълум тарки вазифа карданд,” – мегӯянд. мақомот.

Сафархӯҷа Одинаев
Сафархӯҷа Одинаев

Баъзе аз омӯзгоронеро, ки ба қавли мақомот “бо сабабҳои номаълум тарки вазифа карданд”, метавон аз “мардикорбозор” низ пайдо кард. Сафархӯҷа Одинаев аз Кӯлоб яке аз онҳост. Ӯ мегӯяд, даҳ сол пеш муаллимиро канор гузошту мактаб ва шогирдонро ба кори кироя иваз кард.

“Инҷо дар моҳ се ҳазор сомонӣ меёбам. Ҳозир муаллимон қадр надоранд. Муаллимро бад мебинанд. Чаро? Номи муаллим барои пурсидани пул бад шудааст. Ман муаллим будам ва гуфтам, дигар шумрӯй нашавам ва тарки пеша кардам,” – нақл кард ӯ.

"1124 омӯзгор намерасад"?

Дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ҳар сол зиёда аз 16 ҳазор кас риштаҳои омӯзгории донишгоҳ ва донишкадаҳои кишварро хатм карда, ҷойи омӯзгорони рафтаро пур мекунанд.

Ҷалолиддин Амиров
Ҷалолиддин Амиров

Ҷалолиддин Амиров, як масъули вазорат, ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан мактабҳои Тоҷикистон ба 1124 омӯзгор эҳтиёҷ доранду бас: “Бештар аз ҳама эҳтиёҷ ба муаллимони фанҳои риёзӣ, химия, физика, забони русӣ, забони англисӣ дар деҳаҳои дурдаст аст. Вазорат барои таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳо чора меандешад.”

Феълан дар чаҳор ҳазор мактаби Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор омӯзгор ба ҳудуди 2 миллион хонанда дарс мегӯянд. Онҳо мегӯянд, ҳукумат дар аксар маврид ба нерӯи онҳо такя мекунад, чӣ обуна ба расонаҳои давлатӣ бошад, чӣ баргузории интихоботу маршировка ё ҷашну пешвозгириҳо ва ахиран ҳатто “сарбозшикор”. Вале ҳукумат гуё фаромуш мекунад, ки вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси онҳо таълиму тарбияи насли ҷавон аст ва ин харҷи бузурге мехоҳад.

Аз сӯи дигар, таҳсили ҳазорон ҷавон аз ҳисоби буҷа таъмин карда мешавад, то мактабҳо пур аз омӯзгор бошанд, вале камии маош ин ҷавононро ба сӯйи Русия мебарад. Аввали имсол раисиҷумҳури Тоҷикистон вазири маорифро пас аз як баёнияи баҳсбарангезаш, ки гуфт “аз рафтани омӯзгорон фоҷиа насозед” аз мақом сабукдӯш кард, ҳарчанд сабаби барканориро чизҳои дигар гуфтанд. Омӯзгорон инро ба фоле гирифта буданд, ки муздашон баланд мешавад. То ҳанӯз гӯш ба занги чунин эълонанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG