Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, ихтиёрӣ аст, вале маҷбурӣ имзо гирифтанд, ки ба артиш меравед" ВИДЕО


Нороҳатии донишҷӯёни тоҷик аз шеваи нави даъвати онҳо ба артиш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Донишҷӯёни чанд донишгоҳ дар Тоҷикистон гуфтанд, мақомот зери фишор аз онҳо аризаву имзо мегиранд, ки имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супурда, ба артиш мераванд. Намояндагони Вазорати маориф шикоятҳоро рад карда, иқдомро “ихтиёрӣ” меноманд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон назари дигар доранд.

Таҳдиди аз донишгоҳ рондан

Дилрабо Самадова, раиси созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", рӯзи 3-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони мақомот ба баъзе аз донишҷӯён фишор овардаанд, ки дар сурати саркашӣ аз навиштани ариза аз донишгоҳ ронда хоҳанд шуд.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

"Рӯзҳои охир асосан донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд менависанду занг мезананд. Ба гуфтаи онҳо, донишҷӯёни соли чаҳорумро маҷбур доранд, ки ариза нависанд, то ба хидмат фиристода шаванд. Ин корро намояндагони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва комиссариатҳои ҳарбӣ мекунанд. Агар тасмим ихтиёрӣ ва бе фишор аст, мусбат аст, вале бо маҷбурӣ масъала ҳал намешавад," – афзуд Самадова.

"Гуфтанд, ёрӣ мекунанд"

Дар як номаи Вазорати маориф ва илм ба донишгоҳҳо гуфта шудааст, ки тартиби гузарондани имтиҳонҳои ҳатмии пеш аз муҳлат танҳо ба донишҷӯёни курсҳои чаҳорум ва панҷуме дахл дорад, ки мехоҳанд дар сафи артиш хидмат кунанд.

Чанд донишҷӯ, ки нахостанд номашон бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар донишгоҳ масъулон аризаҳои омодаро оварда, аз онҳо хостаанд, зераш имзо гузоранд.

“Дар аввал шунидем, ки ихтиёрӣ аст, лекин маҷбур карданд, ки имзо гузоред. Ман имзо нагузошта, аз синф баромада рафтам. Ҳоло имтиҳонҳоро насупоридаам, намедонам, чӣ мешавад. Гуфтанд, ба онҳое, ки имзо мегузоранду ба хидмат рафтан мехоҳанд, барои гирифтани имтиҳонҳо ёрӣ мекунанд,” -- гуфт яке аз донишҷӯёни мусоҳиби мо.

Шарҳи намояндаи вазорат

Дар ҳоле ки наворҳои “сарбозшикор” дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд, намояндагони Вазорати маориф иддао доранд, худи донишҷӯён кардаанд, то ба онҳо имкон дода шавад, ки имтиҳонҳоро пешакӣ супурда, ба артиш раванд.

Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Наврӯз Мирзозода, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат, рӯзи 3-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “пеш аз муҳлат супоридани имтиҳонҳо маънои онро надорад, ки талаботи барномаи таълимӣ иҷро нагардидааст". Ӯ таъкид намуд, ки то якуми май имсол хатмкунандагони аксар муассисаҳои олии кишвар барномаҳои таълимии худро аз худ кардаанд.

“Бино бар сабаби он ки аз ҷониби хатмкунандагон барои хидмат дар артиш дархостҳо расида буд, Вазорати маориф ва илм ин гуна тасмимро гирифт. Ҳангоми супоридани имтиҳон ва сафарбарӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар волидони донишҷӯён низ ширкат доштанд,” – гуфт ӯ.

Мирзозода дақиқан посух надод, ки чанд донишҷӯ ба онҳо барои пеш аз муҳлат супурдани имтиҳонҳо муроҷиат кардаанд ва то ҳол чӣ қадар донишҷӯ ба хидмат сафарбар шудаанд. Дар чанд рӯзи охир телевизионҳои давлатӣ бо ситоиш аз афзоиши хоҳишмандони хидмати ҳарбӣ миёни донишҷӯён хабару гузоришҳо пахш мекунанд. Масъулони баъзе созмонҳо мегӯянд, имсол ба фарқ аз даъватҳои дигар шикоятҳои зиёд аз "сарбозшикор" аз тарафи донишҷӯён расидааст.

Аз ин идора ба он идора

Дар даъвати баҳории имсола ба созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" танҳо дар Душанбе 200 арзу шикоят оид ба тарзҳои гуногуни ҷалби сокинон ба хидмати ҳарбӣ расидааст, ки аксари онҳоро донишҷӯён ташкил медодаанд.

Масъалаи пеш аз муҳлат супурдани имтиҳони донишҷӯён барои хидмати ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба миён овард. Бо таваҷҷуҳ ба ин иқдом, баъзе корбарон навиштаанд, акнун кори Вазорати дифоъ бар дӯши Вазорати маориф ҳавола шуд ва як навъ роҳи осонтари ҳалли мушкил пайдо гашт.

Як пурсиши мо дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки баъзе аз сокинон мухолифи дахолати мактабҳо ба ҷалби ҷавонон ба артиш ҳастанд. Субҳиддин Мардонов мегӯяд, "хидмати модар-ватан шараф аст гуфта, донишҷӯёнро ба хидмат мебаранд. Ин ба раванди омӯзишу азхудкунии дарсҳо халал мерасонад."

Сироҷиддин Давлатов гуфт, “шахсан мехоҳам баъди хатм таҳсилро дар бахши магистратура идома диҳам". Мусоҳиби дигари мо, Бежан Раҳимиён, иддао дорад, ки борҳо шоҳиди "сарбозшикор"-и донишҷӯён шудааст.

Чунин нигарониҳо дар ҳолест, ки масъулони Вазорати маорифи кишвар мегӯянд, "ҷалби донишҷӯёни хоҳишманд ба артиш ҳеч ҷои нигаронӣ надорад ва пас аз як соли хидмат ҷавонон метавонанд кору таҳсилро дар зинаҳои магистру бахшҳои дигар идома диҳанд."

Бо вуҷуди шикоятҳои зиёд аз даъвати иҷборӣ ба артиш ё "сарбозшикор" мақомот вуҷуди чунин ҳолатро рад мекунанд. Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, 20-уми апрели имсол дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, мавсими ҷалби ҷавонон ба артиш ба таври маъмулӣ ва бе ягон ҳодисаи ғайриодӣ идома дорад.

Дар Тоҷикистон баҳору тирамоҳ ҷавонони то ҳаждаҳсоларо ба артиш мебаранд. Сокинон мегӯянд, ба сабаби вазъи бад ва зарбу лат дар қисмҳои низомӣ аз фиристодани фарзандон худдорӣ мекунанд. Мақомот мегӯянд, бараъкс, вазъ беҳтар шуда, сафи ихтиёриёни хидмат афзудааст.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG