Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳои Қирғизистон пули муҳоҷиронро "баробар ба қурби бозор" медиҳанд


Бонкҳои Қирғизистон бояд пули фиристодаи муҳоҷиронро наздиконашон ба соми қирғизӣ ва баробар ба қурби бозор диҳанд. Дар ин бора аз Бонки миллии Қирғизистон хабар доданд. Дар ин бора рӯзи 27-уми июл қарор қабул шудааст.

Ба иттилои Бонки миллии Қирғизистон, ин тадбир ба хотири ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон дар шароити афзоиши тафовут байни қурби асъор дар саррофиҳо ва бонкҳо роҳандозӣ шудааст.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ва таҳримҳои Ғарб нисбати Маскав, дар бозори арзи Русия ноустуворӣ ба вуҷуд омад ва ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир расонд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG