Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Назарзода гуфт, дар бораи марги коргараш “гап зада наметавонад”


Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз кори Абубакр Саидзода, раҳбари бахши ин ниҳод дар шаҳри Кулоб, ки гуфта мешавад, дар пай як ҷанҷол фавтидааст, тавсиф намуд, вале таъкид кард, ки "дар ин бора наметавонад гап занад, зеро мақомотҳои ваколатдор дар ин бора тафтишот бурда истодаанд".

Абубакр Саидзода рӯзи 10-уми июл дар назди замини кишташ фавтид. Шоҳидон гуфтанд, ки ӯ дар пайи муноқиша бо ҳамсоягонаш ба ҳалокат расидааст ва аз “даҳону биниаш хуни зиёд рафта буд.”

Рустам Назарзода таъкид кард, ки марҳум Саидзода 25 сол дар ин ниҳод кор карда, яке аз беҳтарин роҳбарон буд. Ӯ дар посух ба ин савол, ки марги коргараш то куҷо ба фаъолиятҳояш рабт дорад, посух дод, ки "не, рабте надорад, дар вақти истироҳат, дар замини хоҷагӣ будааст."

Пештар ду манбаъ дар ҳукумат ва бемористони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гуфтанд, Абубакр Саидзода "бар асари латту кӯб ва захмҳои бардоштааш" дар шифохона ҷон додааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон инро рад кард ва гуфт, тибқи ташхиси пешакӣ дар бадани Абубакр Саидзода, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлоб “ягон хел ҷароҳат ошкор карда нашудааст.”

Сарҳанг (полковник) Абубакр Саидзода аз нимаи дуюми соли 2015 дар мансаби раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб кор мекард. Ҳамзамон, ба қавли ҳамсуҳбатони мо, дар ноҳияи Данғара "20 гектар замини пахта дошта", бо шаш писараш истифода мекард.

Ба иттилои мусоҳибони мо, баҳси ин мақомдор бо Шайбоновҳо, як хонаводаи пурнуфуз дар Данғара, сар задааст. Онҳо дар канори замини Саидзода кишти ҷуворимакка доштаанд. Талошҳои мо барои фаҳмидани мавқеи Шайбоновҳо то ин дам бенатиҷа буд.

Дар ҳоле ки мавқеи Шайбоновҳо маълум нест, баъзе аз шарҳнависон дар сомонаи Радиои Озодӣ иддао кардаанд, ки яке аз наздикони ин хонавода низ гуё захмӣ ва дар бемористон аст. Мақомот рад ё инкор намекунанд.

XS
SM
MD
LG