Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз даҳону бинияш хуни зиёд рафта буд." Ҷузъиёти марги Абубакр Саидзода


Абубакр Саидзода аз соли 2015 раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлоб буд
Абубакр Саидзода аз соли 2015 раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлоб буд

Камаш ду манбаъ дар ҳукумат ва бемористони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гуфтанд, ки Абубакр Саидзода, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлоб, "бар асари латукӯб ва захмҳои бардоштааш" дар шифохона ҷон додааст.

Пештар чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфтанд, Саидзода баъди ҷанҷол бар сари тақсими об дар замини пахтааш даргузашт. Яке аз онҳо фишори хунро сабаби марги ӯ номида буд. Мақомот ба таври расмӣ дар бораи марги ӯ иттилоъ надодаанд. Хулосаи пизишкон ҳам дастрас нест.

Дар ҳамин ҳол, ду манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумат ва бемористони ноҳияи Данғара рӯзи 11-уми июл гуфтанд, "дар бадани Абубакр Саидзода осори латукӯб буд."

Ба иттилои онҳо, "ӯро соати 11:15-и 10-уми июл ба беморхона оварданд, аммо пизишкон наҷот дода натавонистанд. Аз даҳону бинияш хуни зиёд рафта буд ва эҳтимол бар асари зарб ҷигар ё дилаш кафидааст."

Ҷасади Абубакр Саидзодаро ташхис кардаанд ва ҳанӯз натиҷаҳои он эълон нашудааст.

Сарҳанг (полковник) Абубакр Саидзода аз нимаи дуюми соли 2015 дар мансаби раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб кор мекард. Ҳамзамон, ба қавли ҳамсуҳбатони мо, дар ноҳияи Данғара "20 гектар замини пахта дошта", бо шаш писараш истифода мекард.

Ба иттилои мусоҳибони мо, баҳси ин мақомдор бо Шайбоновҳо, як хонаводаи пурнуфуз дар Данғара, сар задааст. Онҳо дар канори замини Саидзода кишти ҷуворимакка доштаанд. Талошҳои мо барои фаҳмидани мавқеи Шайбоновҳо то ин дам бенатиҷа буд.

"Саидзодаро панҷ нафар задаанд. Ду писари худи Саидзода ҳам дар ҷойи ҳодиса будаанд," – гуфтанд мусоҳибони мо дар Данғара.

Дар ҳоле ки мавқеи Шайбоновҳо маълум нест, баъзе аз шарҳнависон дар сомонаи Радиои Озодӣ иддао кардаанд, ки яке аз наздикони ин хонавода низ гуё захмӣ ва дар бемористон аст. Мақомот рад ё инкор намекунанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар идораҳои давлатии Данғара, Абубакр Саидзода "одам"-и Нуриддин Раҳмон, бародари президент Эмомалӣ Раҳмон будааст, ки пас аз марги аввалӣ "дигар нуфуз надошт".

"Хонаводаи Шайбоновҳо бо Рустами Эмомалӣ наздик ҳастанд. Ҳанӯз касеро боздошт накардаанд," -- гуфтанд мусоҳибони мо. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз манобеи расмӣ феълан имконпазир нест.

XS
SM
MD
LG