Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирпарронии Лос-Анҷелес 2 кушта ва 5 тан захмӣ шуданд


Дар тирпарронӣ дар Лос-Анҷелеси Амрико 2 кас кушта ва 5 тани дигар захмӣ шудааст. Ин ҳодиса ҳангоми намоиши мошинҳо дар боғе сурат гирифт, ки онҷо садҳо одам ҷамъ шуда буд.

Пизишкони ёрии таъҷилӣ чаҳор мард ва се зани аз 23 то 54-соларо ба бемористон интиқол доданд.

Ҳадди ақал се тан аз ин беморон аз тири силоҳ маҷруҳ шудаанд.

"Маҷруҳони дигар дар ҷои ҳодиса набуданд", - хабар доданд дар мақомоти маҳаллии Лос-Анҷелес.

Аз рӯи ин ҳодиса ҳоло касе боздошт нашудааст.

XS
SM
MD
LG