Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кубраков гуфт, бахши аввали гандумро ин ҳафта мебароранд


Олександр Кубраков
Олександр Кубраков

Вазири инфрасохтори Украина Олександр Кубраков умед дорад, нахустин бахши гандуми содиротии кишварашро зери назорати Созмони Милал ва Туркия ҳафтаи ҷорӣ аз соҳилҳои Черноморск берун хоҳанд бурд.

Кубраков 25-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи миқдори гандуме, ки бояд аз Украина содирот шавад, музокироте нашудааст.

Ба иттилои мақомоти украинӣ, аз рӯи нақша, баъди Черноморск гандум аз соҳилҳои Одесса ва Пивдени содирот хоҳад шуд.

Қарор аст, ин кор дар ду ҳафта анҷом ёбад. Бар асоси қарордоди содироти гандуми украинӣ тавассути Баҳри Сиёҳ, бояд миқдори содирот моҳе 5 миллион тоннаро ташкил диҳад. Яъне, нишондоде, ки то шурӯи ҷанги Русия дар Украина вуҷуд дошт.

Ҳамлаҳои мушакии Русия дар Одесса рӯзи 24-уми июл суолҳоеро дар заминаи пойбанд будани Маскав ба қарордоди содироти гандум эҷод кард, аммо Кубраков гуфт, омодагиҳои техникӣ барои шурӯи содироти маҳсулоти кишоварзӣ идома доранд.

Украина бахше аз ҷаҳонро бо гандуму донагӣ ва равғани растанӣ таъмин мекард, аммо ҳуҷуми Русия дар моҳи феврал ва баста шудани бандарҳо монеи содироти маҳсулот шуд.

Дар натиҷа, нархи хӯрокворӣ дар ҷаҳон боло рафт ва бисёре аз кишварҳо бо хатари гуруснагӣ ва беназмиҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуданд.

Киев гуфт, бар асоси созиш бо Маскав, қарор аст, 20 миллион тонна ҳосили соли гузашта ва имсолаи гандум ба хориҷа содирот шавад. Ин барнома ба Украинаи ҷангзада то 10 миллиард доллар даромад оварда метавонад.

XS
SM
MD
LG