Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайкали Назарбоевро аз соҳили Иссиқкӯл гирифтанд


Муҷассамаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро аз маркази фарҳангии "Рух Ордо"-и Иссиқкӯли Қирғизистон гирифтаанд.

Дар ин бора сомонаи "KaktusMedia" иттилоъ дод. Ба навиштаи манбаъ, ҳайкали Назарбоев дар наздикии кӯл қомат афрохта буд.

“Эҳтимол онро як сол пеш гирифтаанд, зеро дар наворҳое, ки истироҳаткунандагон дар соли гузашта сабт карда буданд, он дида намешавад,” – навиштааст сомона.

Маъмурияти президенти Қирғизистон то ҳол хабари кандани ҳайкали Назарбоевро шарҳ надодааст. Ин муҷассама соли 2005 дар наздикии кӯл бахшида ба 65-солагии Назарбоев гузошта шуда буд.

Хабари гирифтани муҷассамаи Назарбоев як рӯз пас аз мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон - Қосимҷомарт Тоқаев, Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Чолпон-Отаи Иссиқкӯл нашр шуд.

XS
SM
MD
LG