Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти гандуми Украина ниҳоӣ шуд?


Дафтари матбуотии президенти Туркия гуфт, рӯзи 22-юми июл дар Истанбул намояндагони Украина, Русия, Туркия ва Созмони Милал дар санаде имзо хоҳанд гузошт, ки содироти гандуми Украинаро тавассути Баҳри Сиёҳ таъмин мекунад.

Чанд ҳафта инҷониб зери назари СММ музокирот барои содироти гандуми Украина идома дошт.

Ба қавли дафтари матбуотии президенти Туркия, 21-уми июл дар музокирот созиш ҳосил шуд ва он бояд дар шакли хаттӣ ба имзо расад.

Тафсилоти санад ошкор нашудааст.

Департаменти давлатии Амрико ин эълони Туркияро хуш пазироӣ намуда, афзудааст, тамаркуз рӯйи он хоҳад буд, ки Русия масъулияти иҷрои созишро бар дӯш гирад.

Рӯзи 21-уми июл дабири кулли СММ Антонио Гутерреш дар роҳ ба Истанбул буд. Сухангӯйи Созмони Милал мегӯяд, ҳоло созиш пурра баррасӣ нашудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Украина тасдиқ кард, ки 22-юми июл зери сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид музокирот доир хоҳад шуд, вале имзо шудани созишро тасдиқ накард.

XS
SM
MD
LG