Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони се кишвари Осиёи Марказӣ созишнома имзо карданд


Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Чолпон-Ота, 21-уми июли 2022
Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Чолпон-Ота, 21-уми июли 2022

Раҳбарони Қирғизистону Қазоқистон ва Узбекистон рӯзи 21-уми июл дар ҷаласаи чаҳоруми машваратии сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ота Созишномаи дӯстӣ, ҳамсоядории нек ва ҳамкорӣ ба хотири рушди минтақаро имзо карданд.

Сарони Тоҷикистону Туркманистон пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ дар кишварҳояшон ин санадро имзо хоҳанд кард.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов лаҳзаи имзои санадро таърихӣ номид.

Ӯ гуфт: "Бовар дорам, санади муҳим ба наздикшавии минбаъдаи кишварҳои мо, минтақаи мо ва муттаҳидсозии саъю кӯшишҳои муштарак дар роҳи бартараф кардани чолишҳо ва таҳдидҳои замони мо таъсири мусбат мерасонад. Ин як лаҳзаи таърихӣ аст ва умед дорам, ки созишнома заминаи боэътимоди шукуфоии муштарак дар Осиёи Марказӣ мегардад."

Ҳамчунин раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷамъбасти мулоқоти машваратӣ изҳороти муштарак ва қарорро дар бораи тамдиди ваколатҳои президенти Бунёди наҷоти Арал, консепсияи ҳамкории кишварҳои ОМ ва барномаи минтақавӣ имзо карданд.

Пештар Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон лоиҳаи фармони президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаевро "Дар бораи имзои Шартнома байни Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди ОМ" нашр карда буд.

Яке аз бандҳои шартнома панҷ кишвари ОМ-ро муваззаф мекунад, ки масъалаҳои баҳсбарангезро дар чаҳорчӯби созишнома ва танҳо бо роҳи муколама ҳал кунанд.

XS
SM
MD
LG