Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи сафед: Русия барои ишғоли як қисмати Украина омодагӣ мебинад


Ҷон Кирбӣ
Ҷон Кирбӣ

Намояндаи расмии Шӯрои амнияти миллии назди президенти Амрико, Ҷон Кирбӣ, рӯзи 19-уми июл гуфт, Русия барои ишғоли қисматҳои бузурги Украина "замина мегузорад".

Кирбӣ бо истинод ба маълумоти хадамоти иктишофии ИМА ҳушдор дод, ки мақомоти Русия қасд доранд, қаламравҳои атрофи Херсон, Запорожйе ва тамоми Донбасси Украинаро ҷузъи қаламрави кишвари худ эълон кунанд.

Вай амалҳои Маскавро дар минтақаҳои тасарруфшудаи Украина бо руйдодҳо дар ҷазираи ишғолии Қрим монанд кард.

"Русия аллакай дар қисматҳои Украина, ки зери назораташ ҳастанд, ғайриқонунӣ мансабдоронро таъин мекунад. Ин мардум нахуст раъйпурсии қалбакӣ баргузор мекунанд ва баъдан Русия барои ишғоли қаламрави Украина аз ин раъйпурсиҳо суистифода мекунад", - афзудааст Кирбӣ.

Кирбӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида нақшаҳои Кремлро фош мекунад, то ҷаҳониён аз ишғолгариҳо ва амалҳои ғайриқонунии эҳтимолии Русия огаҳ шаванд.

XS
SM
MD
LG