Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қурбониён ҳастанд". Ҳамлаи мушакии Русия ба Краматорск


Краматорск
Краматорск

Русия ба маркази шаҳри Краматорск, яке аз охирин гӯшаҳои зери назорати Украина дар минтақаи шарқии Донбасс, ҳамлаи мушакӣ кардааст.

Мири Краматорск Александр Гончаренко рӯзи 19-уми июл дар Telegram навишт, ки "қурбониҳо ҳастанд", вале тафсилот надод.

Вай танҳо илова кард, ки "мутахассисон ва маъмурони наҷот дар ҷойи ҳодиса ҳастанд."

Краматорск аз ҷумлаи минтақаҳои саноатии Украина аст, ки аз аввали моҳи апрел ба ҳамлаҳои шадиди Русия дучор шудааст. Замоне ки Маскав барои ишғоли минтақаи шарқии Донбасс тамаркуз кард.

XS
SM
MD
LG