Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо чорво дар Темурдараи Қаратоғ талаф шудааст


Садҳо сар чорво дар Темурдараи ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз кӯҳ афтода ва талаф шудаанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳал ва чӯпонҳо, ҳодиса рӯзи ҷумъа, 15-уми июл, рух дода, бар асари раҳгумзадагӣ, рама аз болои кӯҳ ба поин сарозер шудааст.

Чӯпонҳо шумораи рамаро 1000 сар гуфтанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 400 сари он талаф шудаааст.

Ба қавли онҳо, ҳудуди 40 сар бузу гӯсфандро забҳ карданд ва тақрибан 500 сар чорвои дигарро ба соҳибонашон расонидаанд. Гуфта мешавад, ин чорво ба сокинони дараи Қаратоғ тааллуқ доштааст.

Темурдара яке аз мавзеъҳои ҷаззоб ва дидании Тоҷикистон ба шумор меравад. Садҳо нафар аз сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ солона аз ин мавзеъ дидан мекунанд. Ин минтақа дар 70-километрии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.

XS
SM
MD
LG