Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Қазоқистону Узбекистон барқ медиҳад


Обанбори Тоқтагул. Акс аз соли 2021
Обанбори Тоқтагул. Акс аз соли 2021

Қирғизистон дар чаҳорчӯби қарордодҳои имзошуда бо Қазоқистону Узбекистон нерӯи барқеро, ки аз ин кишварҳо дар фасли сармо гирифта буд, бармегардонад.

Дар ин бора ширкати "Истгоҳҳои барқӣ"-и Қирғизистон хабар дода, гуфтааст, 18-уми июл ҳаҷми об дар обанбори Тоқтагули ин кишвар 12 миллиарду 699 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи масъулони ширкат, ин нишондод назар ба соли гузашта 1 миллиарду 175 миллион метри мукааб бештар мебошад.

Ширкат афзудааст, ки дар робита ба истеъмолгарони дохилӣ ҳеч гуна маҳдудият ҷорӣ нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG