Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба ҳамлаҳои ҷавобии Украина омода мешавад


Тонкҳои вайроншудаи Русия. Харков, Украина, 17-уми июли 2022
Тонкҳои вайроншудаи Русия. Харков, Украина, 17-уми июли 2022

Сарфи назар аз баъзе пешрафтҳо дар минтақаи Донбас, воқеъ дар шарқи Украина, нерӯҳои Русия мавқеъҳояшонро дар шаҳрҳои калидии ҷануби ин кишвар таҳким бахшида, барои муқовимат ба ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои Украина омода мешаванд.

Вазорати мудофиаи Бритониё мегӯяд, Русия афсару сарбозон ва аслиҳаи ҷангиро байни минтақаҳои Херсон, Мариупол ва Запорожия ҷобаҷо кардааст.

Зимнан дар Запорожия нерӯҳои Русия бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупоро таҳти тасарруфашон қарор додаанд.

Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, иқдоми ахири Русия аз он шаҳодат медиҳанд, ки Кремл таҳдиди Украинаро ҷиддӣ арзёбӣ мекунад.

Адмирали баландпояи Бритониё Тонӣ Радакин дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, дар давраи таҷовуз ба хоки Украина Русия тахминан 50 ҳазор афсару сарбоз ва наздики як ҳазору ҳафтсад тонкро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG