Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷимуродов ба "тавтиа бо ҳадафи ғасби қудрат" айбдор шуд


Маркази Қарақалпоқистон, 1-уми июли 2022

Додситонии кулли Узбекистон нисбати рӯзноманигори қарақалпоқистонӣ Давлатмурод Тоҷимуродов айб эълом кард. Тоҷимуродов ба "тавтиа бо ҳадафи ғасби қудрат ва ё барҳамзании сохти конститутсионӣ" айбдор шуд.

Рӯзноманигор ба ҳабс гирифта шудааст. Дар умум дар доираи парвандаи барҳамзании сохти конститутсионӣ 14 касро дастгир кардаанд.

Ба иттилои додситонӣ, рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Нуқус "гуруҳе аз одамон бо шиорҳои дурӯғин, шуури шаҳрвандонро ба гумроҳӣ бурда, бетартибии оммавӣ ташкил кардаанд".

Додситонӣ мегӯяд, рӯзи 1-уми июл рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов сокинони Қарақалпоқистонро даъват кард, ки 5-уми июл "барои озодии Қарақалпоқистон" гирдиҳамоӣ ташкил кунанд.

Рӯзҳои 1 ва 2-юми июли имсол дар шаҳри Нуқус, маркази Қарақалпоқистон нооромӣ сар зад. Эътирозгарон гуфтанд, аз тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон норозиянд, чун "мустақилӣ"-и онҳоро аз байн мебарад. Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, "рӯзи 1-уми июл гурӯҳе бо шиорҳои бардурӯғ мардумро таҳрик дода, боиси бетартибиҳо шуданд."

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, дар ин рӯйдод дар Қарақалпоқистон 18 кас кушта ва беш аз 240 нафар, аз ҷумла 38 афсар, захмӣ шуданд. То кунун дар бораи боздошти беш аз 500 кас гузориш расидааст.

Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG