Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Куриёи Ҷанубӣ 92 муҳоҷир фиристодааст


Худойберган Бозорбоев, вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон рӯзи 11-уми июл бо қирғизистониҳое мулоқот кард, ки барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ раҳсипор буданд.

Аз вазорати меҳнати Қирғизистон гуфтанд, 92 шаҳрванди ин кишвар дар доираи тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Куриёи Ҷанубӣ барои кор ирсол шуданд.

Айни замон 2 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар Куриёи Ҷанубӣ кор мекунанд. Дар 15 соли охир вазорати меҳнати Қирғизистон дар маҷмуъ бештар аз 5 ҳазор қирғизистониро барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ ирсол кардааст.

Бозорбоев, вазири меҳнати Қирғизистон гуфт, ки ин вазорат бо Ҷопон, Бритониё ва Олмон барои ирсоли неруи корӣ созишнома имзо хоҳад кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 1 млн 118 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар кишварҳои хориҷ кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG