Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия се роҳи воридоти гази Туркманистонро коркард дорад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Туркия дар бист соли охир бори аввал аст, ки мегӯяд, гази Туркманистонро тавассути Озарбойҷон харидорӣ хоҳад кард.

Фуат Октай, ноиб-президенти Туркия, рӯзи 1 июл вориди Туркманистон шуд ва бо президенти он кишвар Сардор Бердимуҳаммадов мулоқот кард.

Дар поёни мулоқот мақомдори Туркия гуфт, кишвараш се роҳи хариди гази Туркманистонро баррасӣ мекунад. "Аввал истифода аз лӯлаи TANAP тавассути Каспий (Хазар), созиши SWAP ва ё лӯлаи баҳрӣ. Хушҳолам, ки мо ба корҳои омодагӣ хеле наздик шудем", - гуфт Фуат Октай.

Лӯлаи TANAP қисмати асосии Долони ҷанубии интиқоли газ аст, ки бо ташаббуси Кумисюни Аврупо сохта шудааст. Ба ҷуз аз лӯлаи Тран-анатолӣ (TANAP), долони интиқоли гази ҷанубӣ лӯлаи Қавқози ҷанубӣ ва лӯлаи транс-адриатӣ (TAP)-ро дар бар мегирад.

Лӯлаи TANAP гази Озарбойҷонро то Юнон мерасонад. Аз Юнон лӯлаи мазкур ба TAP мепайвандад ва гази Озарбойҷонро то Албания, Булғористон ва Италияву бозорҳои дигари марказии Аврупо мерасонад.

XS
SM
MD
LG