Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон сафари шаҳрвандони Ҳинду Эрон ва Чинро осон кард


Фурудгоҳи байнулмилалии Алмато, акс аз соли 2020
Фурудгоҳи байнулмилалии Алмато, акс аз соли 2020

Шаҳрвандони Ҳинду Эрон ва Чин метавонанд, бе виза вориди Қазоқистон шаванд ва дар он кишвар ду ҳафта бимонанд. Ин тартиб аз 8-уми июл ба иҷро даромад.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ҳузури бидуни визаи шаҳрвандони кишварҳои зикршуда дар давоми 180 рӯзи тақвимӣ набояд аз 42 рӯзи тақвимӣ бештар шавад.

Барои вайрон кардани ин тартибот ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷарима, то 15 рӯз ҳабс, ихроҷ аз Қазоқистон ва манъи вуруд барои 5 сол таҳдид мекунад.

Ду ҳафтаи бидуни виза ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи кор дар Қазоқистонро намедиҳад.

Ержан Еркинбоев, ноиб-вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон, пештар гуфта буд, Қазоқистон теъдоди кишварҳои бидуни визаро то ба 100 мерасонад. Айни ҳол Қазоқистон бо 74 кишвар равуои бидуни виза ба роҳ мондааст.

XS
SM
MD
LG