Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борону сел дар Покистон ва Афғонистон даҳҳо касро куштааст


Вайронгариҳои сел дар Афғонистон, моҳи июли 2022
Вайронгариҳои сел дар Афғонистон, моҳи июли 2022

Бориши борону омадани сел дар Покистон ва Афғонистон боис ба марги даҳҳо нафар шуда, теъдоде аз мардумро бе хонаву дар кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Покистон, дар вилояти ҷанубии Балуҷистон 57 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон ҷон бохтанд. Дар онҷо ҳашт сарбанд канда шудааст.

Рӯзи 9-уми июл нерӯҳои дарёии Покистон барои мадад ба маъмурони наҷот ҳамроҳ шуданд.

Дар вилояти Хайбар-Пахтунхва бар асари боронҳои шадид чанд хона чаппа шуда, ду нафар, аз ҷумла як кӯдак ҷон бохта, чаҳор кас захмӣ шуданд. Бахшҳои бузурги шаҳри Карочӣ низ зери об мондааст.

Сел дар Афғонистон боис ба марги камаш 24 нафар шудааст.

XS
SM
MD
LG