Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Самарқанд, Дубай ё хона. Сокинон барои истироҳат куҷо мераванд? ВИДЕО


Тоҷикон имсол барои истироҳат ба куҷо мераванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Тоҷикон имсол барои истироҳат ба куҷо мераванд?

Пас аз ду соли маҳдудиятҳои пандемияи коронавирус ин тобистон бархе сокинон барои истироҳати тобистонаи худ ба хориҷ аз кишвар рафтаанд.

Афроде ба истироҳатгоҳҳои дохили кишвар рӯ овардаанд ва баъзеи дигар аслан имкони ба истироҳат рафтанро надоранд.

Аз Истамбул то Самарқанд

Ҷаҳонгир Мунавваров, сокини шаҳри Душанбе аз онҳоест, ки шоми 4-уми июл аз хориҷи кишвар баргашт. Ӯ, рӯзи 5-уми июл, дар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, истироҳати тобистонаашро бо ҷамъе аз дӯстонаш сипарӣ намуд. "Ба Туркия сафар кардем, ду ҳафта дар Истамбул будем. Баъд аз он ҷо ба Тошканд, баъдан ба Самарқанд рафтем. Бисёр хуб гузашт, зеро дар вақти пандемия дар хона будем, ташнаи чунин сафар шуда будем.",--афзуд, ӯ.

Мегӯяд, қабл аз сафар маконҳои истироҳатиро аз тариқи Интернет пайдо ва интихоб намудаанд.

На ҳама мисли ин ҷавон имкони дар хориҷ аз кишвар гузаронидани истироҳатро доранд. Баъзе сокинон рӯ ба истироҳатгоҳҳои дохил овардаанд ва бархеи дигар аз маош ё даромади кам шикоят намуда, таъкид мекунанд, ки аслан тавони рафтан ба истироатгоҳеро надоранд. Ҳарчанд саёҳату ҷаҳонгардӣ барояшон писанд асту ниёз ба истироҳат доранд.

Рӯзи 5-уми июл пурсиши сарироҳии мо дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар мавриди ба истироҳати тобистона рафтан назарҳои гуногун доранд.

Яке аз роҳгузарон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тобистон барои истироҳат ба Варзоб рафтааст ва қаблан ба Қайроқум низ рафта буд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳарчанд, харҷҳои истироҳат дар чунин маконҳо гарон аст, вале бояд рафт.​

Гила аз нархҳои осмонӣ

Ҳамсуҳбати дигари мо гуфт, "хеле серкор аст ва ҳам харҷ зиёд мешавад, барои ҳамин дар хона истироҳат мекунад".

Мусоҳиби дигар афзуд, ки ба кишварҳои хориҷӣ танҳо барои кор рафтааст, на истироҳат: "Барои мардум ҳоло зиндагӣ мушкил шудааст, ободӣ бисёр шудааст, лекин барои истироҳат рафтан бисёри мардум имконият надоранд".

"Баҳористон", "Зумрад" меравам, агар шавад, Бухорову Самарқанд ҳам. Нархҳо барои рафтан ҳоло дар ҳама ҷо ба таври глобалӣ баланд шудааст.",--афзуд, як ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ.

Ба қавли намояндагони ширкатҳои саёҳӣ дар Тоҷикистон, пас аз ду соли пандемияи COVID-19 тобистони имсол сокинон дигарбора барои сайругашти кишварҳои хориҷӣ муроҷиат мекунанд.

Харҷи сафар чӣ қадар аст?

Сафина Ғиёсзода, корманди ширкати саёҳии "Go Travel Tajikistan", рӯзи 4-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар фасли тобистон талабот ба Туркияву Анталия ва Миср бештар шудааст. "Ҳамарӯза 2-3 нафар ба мо барои Туркия рафтан муроҷиат мекунанд. Барои кору, саёҳату истироҳат, мо хидматрасонҳои лозимаро анҷом медиҳем, то истироҳати тобистонаи хоҳишмандон хуб гузарад.",--гуфт ӯ.

Ба иттилои масъулини ширкатҳои сайёҳӣ, тоҷикистониён асосан дар Туркияву Дубай истироҳати худро мегузаронанд ва нархи харҷи хидматрасониҳо вобаста ба интихоби муштариён аз 600- 700 доллари амрикоӣ сар мешавад. Ба қавли онҳо, вақтҳои ахир бо далели гармиҳои зиёд, таваҷҷӯҳ ба Дубай кам ва хоҳишмандони сафар ба шаҳрҳои Самарқанду Бухорои Узбекистон бештар шудааст.

Дар ширкатҳои саёҳӣ тасдиқ намуданд, ки харҷи сафар ба кишварҳои хориҷӣ барои сокинон назар ба ҳамсоякишварҳое мисли Узбекистону Қирғизистон гаронтар аст, зеро нархи чиптаи ҳавопаймоӣ ва баъзе хароҷотҳои дигар гарон аст.

Дар Кумитаи рушди саёҳии Тоҷикистон аз пешниҳоди ҳар гуна иттилоъ дар бораи шароити истироҳат дар кишвар ва омори саёҳон худдорӣ намуда, суҳбат дар ин мавзӯро ба замони нишасти матбуотияшон гузоштанд.

Дар ин ниҳод танҳо гуфтанд, ки феълан дар Тоҷикистон беш аз 240 ширкати саёҳӣ амал мекунад.

Ба назари табибон, кори пайваста ва ба истироҳат нарафтани сокинон паёмадҳои ногувор дошта, инсонро ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла бемориҳои асаб метавонад гирифтор кунад. Ин дар ҳолест, ки бо далели камбуди молӣ ва дигар ташвишҳои рӯзгор аксари сокинон тасдиқ мекунанд, ки имкони рафтан ба истироҳатро надоранд.

XS
SM
MD
LG