Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро тоҷикон ҷаҳонгард нестанд?


Аввалин коре, ки як саёҳи аврупоӣ пеш аз сафараш мекунад, интернетро боз карда ҳадафи худро менависад. Ман низ ин корро кардам ва навиштам: “Сафар ба Тоҷикистон”. Чанд торнамои ширкатҳои саёҳӣ боз мешаванду акси кӯҳҳои Бадахшону Искандаркӯл, қалъаи Ҳисору кӯҳҳои Фон-Яғнобро барои зиёрат пешниҳод мекунанд.

Аз рӯи арзёбиҳои ширкатҳои туристӣ, соле садҳо нафар хориҷиҳо тавассути интернет дархости шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихиву зебоиҳои Тоҷикистонро мекунанд, вале таҳияи ингуна сафарҳо чандон осон набудааст.

Саёҳати Тоҷикистон мушкилиҳои худро дорад

Масалан ширкати “Аспендус-Тур” яке аз онҳост. Масъулини ширкат мегӯянд, фаъолияти онҳо бештар бо хориҷи кишвар вобаста буда онҳо сафарҳоро, тавре мегӯянд, “қариб ба ҳама кунҷу канори ҷаҳон” пешниҳод мекунанд.

Масалан, барои дидани шаҳру манотиқи Олмон дар давоми 18 рӯз ҳадди аққал дую ним ҳазор доллар тақозо мешавад.

Вале дар айни замон, онҳо омода нестанд, ки барои ошноӣ бо Хуҷанду Кӯлоб ё осоишгоҳҳои Бадахшон туристонро тамошо баранд.

Элвира Куратова, як масъули ин ширкат мегӯяд, набуди хизматрасонӣ ё шароити муносиби дарёфти меҳмонхонаҳои арзону таъмини нақлиёт ва ғизои муносиб аз монеаҳои аслии онҳо дар ҷалби меҳмонҳо маҳсуб меёбад.

Раҳбаладони таъриху фарҳангу маконшинос надорем

“Инчунин мо мутахассис, яъне роҳбаладҳои касбиву донишманде надорем, ки дар бораи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон аз сар то охир маълумоти пурра дода тавонад”.

Хонум Элвира афзуд, ки факултаҳои вижаи омодакунии мутахассисони соҳаи туризми донишгҳҳои Тоҷикистон, ки зимнан нав ҳастанд, ҳамоно аз ӯҳдаи ин кор намебароянд ва дониши мутахассисони дипломдор хеле паст аст.

Ин мушкилро ҳамсӯҳбати телефонии дигари мо аз як ширкати нави туристӣ ҳам таъйид кард.

Вай гуфт, барои ҳар ширкати ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон набуди мутахассиси ба истилоҳ таъриху фарҳангу маконшинос, ки омода бошад як хориҷӣ ё ҳамватанашро бемушкил ба ҳама кунҷу канори кишвар бурда ӯро ба забонҳои тоҷикиву русиву англисӣ раҳнамоӣ кунад, нест.

Ин масъули ширкати туристӣ айни замон аз вуҷуди мушкилоти зиёди марбут ба девонсолорӣ ё бюрократия дар амри ҷамъоварии даҳҳо санаду ҳуҷҷат барои дарёфти муҷаввизи фаъолият ва харҷи маблағи зиёд барои таҳияи ин сандаҳо шикоят кард.

Ба андешаи ӯ, барои пешрафти риштаи туризму ҷаҳонгардии Тоҷикистон дар сохторҳои масъул бояд мутахассисони соҳа кор кунанд.

Вай гуфт, ки ҳамин монеаҳо ҳоло ба ӯ ва шояд даҳҳо дигар ширкатҳои хусусии туристӣ иҷоза намедиҳад, ки хостҳои худро амалӣ созад.

“Ба мо хеле бисёр аз Австралия, аз Амрико, аз Аврупо муроҷиат мекунанд. Вале афсӯс, ки мо ба онҳо гуфта наметавонем, ки дучори чунин як мушкил ҳастем. Баъд мо маҷбур мешавем дурӯғ гӯем. Мо мегӯем, ки имсол аз сабаби бисёр будани муштарӣ имсол шуморо даъват карда наметавонем, соли оянда марҳамат биёед. Ҳамин сол на камтар аз 100 нафар ба мо муроҷиат кард”.

Ин масъули ширкати туристӣ мегӯяд, аксари муштариёни онҳо тавассути интернет мегӯянд, ки ба дидани кӯҳҳои Помир, Фон-Яғноб ва Искандаркӯл майли бештар доранд.

Теъдоди саёҳон ба Тоҷикистон афзудааст

Ҳанӯз панҷ соли пеш зимни сӯҳбат бо масъулини ширкатҳои сайёҳӣ гуфта мешуд, ки Тоҷикистон дорад тоза ба истилоҳ аз рӯйхати кишварҳои сиёҳи ноамн берун шуда шумори хоҳишмандони сафар ба ин кишвар ҳам тадриҷан афзоиш меёбад.

Вале бо нооромиҳои ахир оё дубора дили хориҷиҳо аз сафар ба Тоҷикистон сард нахоҳад шуд?

Давлат Ҳабибов раҳбари департаменти туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфт:

“Нооромӣ дар Тоҷикистон ҳатман ба соҳаи туризм дахлдор мешавад. Ба ҳамин хотир мо хоҳони сулҳу тинҷиву оромӣ ва пешравии ҷомеа ҳастем”.

Аммо феълан, мегӯяд ӯ, шумори туристон дар Тоҷикистон сол то сол афзоиш меёбад. Ва агар соли гузашта шумори онҳо беш аз 364 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, танҳо дар ним соли ҷорӣ 500 ҳазор хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардааст.

Давлат Ҳабибов гуфт, ба ҳисоби миёна ҳар як ҷаҳонгард дар Тоҷикистон 500 доллар маблағи худро сарф мекунад, ки ин даромади буҷаро ташкил медиҳад. Вале аз Тоҷикистон ба хориҷа соле на бештар аз 200 ҳазор нафар бо ҳадафи туризм сафар мекардааст, гуфт ӯ.

Мушкил дар таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ

Оқои Ҳабибов инчунин гуфт, шикоятҳо аз мушкил шудани ҷараёни кушоиши ширкатҳои ҷаҳонгардӣ дар он аст, ки ин ниҳод то имрӯз фаъолияти беш аз 100-тои онро бо сабаби ҷавобгӯ набуданашон ба талабот, адами фаъолият ва ироа нашудани ҳисоботи корӣ боздошта онҳоро аз муҷаввиз маҳрум кардааст.

Ҳоло танҳо 65 ширкати сайёҳӣ ҳақи ироаи хадамоти туристиро дар Тоҷикистон доштааст.

Оқои Ҳабибов афзуд, ки назар ба солҳои гузашта риштаи туризми ҷумҳурӣ пешрафт кардааст:

“Дар ду соли охир дар Тоҷикистон дар қонунгузории соҳаи туризм хеле ҳам дигаргуниҳои хуб ворид карда шудааст. Аз он ҷумла, ташрифот ба Тоҷикистон хеле осон шудааст, яъне гирифтани визаи туристӣ. Пардохтҳои ҳатмӣ барои буду бош дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон буд, ки сайёҳонро хеле нороҳат мекард, бардошта шуд. Инчунин ҳар як турист барои буданаш дар Тоҷикистон регистратсия ё ҳатман дар Вазорати корҳои дохила ба қайд гирифта мешуд. Ин ҳам зиёда аз як сол мешавад, ки аз байн бурда шудааст”.

Айни замон, гуфт ӯ, мушкили камбуди мутахассисони соҳаи туризм, гаронии қимати роҳкирои ҳавоӣ барои расидан ба Тоҷикистон ва инчунин мушкили роҳҳо аз монеаҳои рушди ин соҳа боқӣ мемонанд.

Баъди ин ҳама сӯҳбатҳо ба ёди мардуми чех ва дигар аврупоиҳо афтодам, ки кӯшиш мекунанд ҳеҷ як рӯзи истироҳати худро аз даст надиҳанд: онҳо бо аҳли оила ҷамъ шуда агар хориҷа нараванд, ба дидани яке аз маконҳои зебову таърихии кишварашон мисли Карлови Вари, деҳаи Карлштейн, осоишгоҳи Мариинсе Лазне, Подебради ва ё ба кӯҳҳо барои дучархасавориву кӯҳнавардӣ мераванд.

Чаро мо тоҷикон ҷаҳонгардӣ намекунем?

Аммо чаро дар миёни мардуми тоҷик чунин расм нест, ки масалан аз шаҳри Хуҷанд хеста оилавӣ ба дидани Кӯлоб раванду фарз кардем аз Тавилдара ба дидани музеи Беҳзоди Душанбе? Чаро, масалан, сокини Файзобод соле як бор ба дидани Ҳисору Норак намеравад?

Бархе мегӯянд, дастовардҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон мисли давлатҳои пешрафтаи Аврупо ё Осиё чандон бой нест, ки ба зиёрати онҳо бираванд. Ва аз сӯи дигар, мардум дар ин шароити иқтисодӣ чунон маблағе надорад, ки барои ҷаҳонгардиву сайру тамошо сарфаш кунад.

Садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон шаҳру манотиқи Русияву Қазоқистонро, масалан, танҳо баъди он диданд, ки дар дохили ватан бекор монданд.

Бархе дигар мегӯянд, ки ширкатҳои сайёҳӣ ба ҷуз пешниҳоди истироҳат дар осоишгоҳҳои маъруфи мисли Хоҷа Оиб гарму Гармчашма ба таблиғи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон барои шаҳрвандони ин кишвар машғул намешаванд.

Шароити муносиб барои ҷаҳонгардӣ муҳаё нест

Акрам Абдуқаҳҳоров, хабарнигори телевизиони “К-плюс” мегӯяд, дар таҷрибаи худ дидааст, ки саёҳат дар Тоҷикистон илова ба мушкилоти роҳу нақлиёташ ҳамчунин бехатар набудааст:

“Имсол шумо шоҳид будед, ки дар роҳи Помир чӣ қадар одам мурд. Айнан ҳамингуна ҳодиса дар роҳи Суғд ҳам рӯй дод. Мисол, худи ман. Нақша доштам, ки ба Помир сафар кунам, дидам, ки хеле гарон аст. Мо соли гузашта моҳи ноябр сафар карда будем. Фақат барои як шаби иҷораи хонаи нафаре, ки як қисми хонаашро меҳмонхона кардааст, 30 доллар додан зарур буд. Дар меҳмонхонаҳо нарх на камтар аз 120 доллар барои як шаб аст. Нархи роҳ бошад, ноябри соли гузашта аз Душанбе ба Хоруғ 170-190 сомонӣ буд”.

Акрам Абдуқаҳҳоров мегӯяд, ки илова ба ин, роҳҳо ҳам харобу убури ағбаи Хобуробод барои мошинҳо хатарнок мебошад.

Ин хабарнигор афзуд, ки аз рӯи мушоҳидаҳои вай, солҳои охир аз Тоҷикистон хоҳишмандони зиёд на фақат ба зиёрати хонаи худо равона мешаванд. Балки дар дохили Тоҷикистон ҳам солҳои охир туризми динӣ ё зиёрат аз маконҳои муқаддаси мазҳабӣ чун падидаи наве рӯ ба афзоиш овардааст.

“Ба зиёрати маконҳои муқаддасу мазорҳои бузургвор, ки дар Хатлон ё Ғарм ҷойгиранд, мераванд. Масалан як гурӯҳ ё аҳли оилае ҷамъ шуда мошин мегиранду бензинашро рехта ба зиёрати он мазорҳо мераванд”.

Баъди шунидани ин ҳама, фикр кардам, ки агар бихоҳам як сафари ошноие бо шаҳру манотиқи дурдасти Тоҷикистон дошта бошам, бояд танҳо ба умеди худ шуда аз пеш роҳу мошин ва ҷои исти худро танзим кунам, вагарна дар роҳ дармемонам.
XS
SM
MD
LG