Идораи мусулмонони Қирғизистон санҷиши изҳороти имом-хатиби ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек Содибакас Дооловро, ки баҳсҳоеро ба миён оварда буд, ба поён расондааст.
Суханронии имом-хатиб аз рӯи се меъёр арзёбӣ шуда, дар натиҷа муфтиёти Қирғизистон ба хулосае омадааст, ки Доолов шариатро нақз накарда, ба сиёсат дахолат нанамуда ва шаъну шарафи касеро паст назадааст.
"Медонед, кай гӯшт қимат мешавад? Вақте ки дар маҳалли иқомати шумо бадани зан арзон мешавад. Гӯшти занҳо вақте, ки баданашонро нишон медиҳанд, арзон мешавад, ронаш мисли ангушти калонии даст боз аст. Зеро ба онҳо намегӯянд, ки "Шарм намедорӣ? Ту чӣ қадар бешарм ҳастӣ! Ту духтари кӣ ҳастӣ?" Нархи гӯшти зан поин рафтааст ва ба ин далел нархи гӯшти гӯсфанд дар бозор гарон шудааст," -- изҳор доштааст Доолов.
Доолов дар суҳбат ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, гуфтаҳои ӯро таҳриф кардаанд ва вай дар асл "гапи нодуруст"-е нагуфтааст.
"Ҳақиқат талх аст. Аз он набояд хафа шуд. Аз болоравии нархи гӯшт хавотир мешавӣ, аммо аз он ки модарону духтарон ва занҳои шумо либосҳои нимбараҳна мепӯшанд, чашматон намепарад", - афзудааст Доолов.
Як гуруҳ аз фаъолони мадании қирғиз зидди имом-хатиб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят карда буданд.