Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маҳдӣ Арсалон". Дидбонгоҳи нави Толибон дар рӯ ба рӯи Тоҷикистон. ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон Маҳдӣ Арсалонро ҳашт сол боз меҷӯянд
Мақомоти Тоҷикистон Маҳдӣ Арсалонро ҳашт сол боз меҷӯянд

Толибон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба сохтмони дидбонгоҳи нав оғоз кардаанд. Ончӣ мақомоти Тоҷикистонро ба гуфтаи худашон "асабонӣ" кардааст, навиштаи "M.Arsalon" бар пояи кӯҳе дар канори дидбонгоҳ аст. "М.Арсалон" ҳамон Маҳдӣ Арсалон, лақаби Муҳаммад Шарипови 27-сола аз ноҳияи Нуробод аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳашт сол боз ба иттиҳоми терроризм меҷӯянд, вале Толибон дар идораи марзи Афғонистон ба ӯ мақом додаанд.

"Мехоҳанд, иғво ангезанд"

Як мақоми марзбонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 4-уми июл ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, ин навишта ба сари худ ҳеч аҳамият надорад, аммо Толибон бо чунин роҳ ҳамеша ба онҳо паёми нооромӣ медиҳанд.

Бадахшон. Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон
Бадахшон. Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон

Ӯ афзуд, ҷангҷӯён аз Тоҷикистон, ки таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд, намоишкорона дар лаби рӯди Панҷ гаштугузор мекунанд. Аз ин соҳили рӯди Панҷ то он тарафи соҳил дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз 300-400 метр фосила аст.

"Онҳо ҳар рӯз бо мошинҳо ба дидбонгоҳи навсохт меоянд. Бо баландгӯяк ва бо лаҳҷаи тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Дар суҳбатҳои байни якдигар мақомоти тоҷикро дашном медиҳанд. Номи Маҳдӣ Арсалонро намоишкорона бо ҳарфҳои калон навиштаанд, ки аз тарафи Тоҷикистон озод хонда шавад. Бо ин, мехоҳанд, моро асабонӣ кунанд ва иғво ангезанд," -- гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба мисли Маҳдӣ Арсалон беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи Толибон ҳастанд. Онҳоро "Толибони тоҷик" ном мебаранд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар идораи марзбонии Бадахшон, Маҳдӣ Арсалон дар Идораи сарҳадбонии зери назорати Толибон дар панҷ ноҳияи Дарвози Афғонистон мақом дошт, вале ҳоло ба ноҳияи Хоҳони ин кишвар рафтааст. Хоҳон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин), нуқтаи назораташ душвор дар сарҳади байни Афғонистону Тоҷикистон, ҷойгир аст.

Толибон дар рӯ ба рӯи Тоҷикистон дидбонгоҳ месозанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Посухи Толибон

Толибон ҳузури ҷангҷӯёни тоҷик ва мақом гирифтани онҳоро дар ҳукуматашон тасдиқ ё рад намекунанд, аммо ба таъкид мегӯянд, ки ҳеч хатаре аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон таҳдид нахоҳад кард.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, рӯзи 4-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон набояд аз навиштае дар кӯҳпоя ё ҳаракати гурӯҳҳои ношинос нигаронӣ кунад ва "беҳтар аст, дар ин бора расмӣ муроҷиат кунад".

Тоҷикистон ҳукумати Толибонро дар Афғонистон эътироф намекунад ва то кунун ба монанди кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бо онҳо ҳамкорӣ накардааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид

"Иҷоза намедиҳем, ки аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя таҳдид шавад. Ҷониби Тоҷикистон ҳар мавзуъ ва ҳар ташвише дорад, бо мо расмӣ суҳбат кунанд, иншоаллоҳ, қаноаташон фароҳам хоҳад шуд. Мо таҳдидҳоро рафъ мекунем. Дуюм, дар кадом постгоҳ ном навишта шуда бошад, ба назари мо касе ҳаст, ки суистифода мекунад ё ташвишҳоеро ба бор меорад," -- гуфт сухангӯи ҳукумати Толибон.

"Омода нестанд, шарти ҳамдигарро пазиранд"

Коршиносон ба ин назаранд, ки Толибон уйғурҳои зери пайгарди Чин, узбекҳои узви "Ҳаракати исломии Узбекистон" ва тоҷикони узви созмони мамнӯи "Ансоруллоҳ"-ро ба хотири фишор ба ин кишварҳо нигаҳ медоранд. Пас аз оғози ҳамкории Чин бо ин гурӯҳ, Толибон ҷангҷӯёни уйғурро аз шимол ба ҷануб бурданд.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, "Узбекистон, Туркманистон ва Чин масъалаҳои иқтисодиро дида истодаанд. Агар муносибати зиче миёни ин кишварҳо шавад, шояд масъалаи истирдоди террористонро ба миён гузоранд. Ҳоло фикр мекунам, ҳам Толибон ва ҳам Тоҷикистон омода нестанд, шарти ҳамдигарро пазиранд. То замоне ки байни Тоҷикистону Афғонистон муносибат хуб нашавад, Толибон ҷангҷӯёни гурӯҳи "Ансоруллоҳ"-ро намедиҳад," -- шарҳ дод Ҳодизода.

Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта, баъди сари кор омадани Толибон, эълон кард, ки ҳукумати ин гурӯҳро дар Афғонистон ба расмият намешиносад. Мақомоти Тоҷикистон ошкоро аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки размандагонаш дар Панҷшеру Бағлон зидди Толибон меҷанганд, пуштибонӣ мекунад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбатҳои соли гузаштааш гуфта буд, тоҷикон 47 дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумати нав ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Эмомалӣ Раҳмон 24-уми сентябри соли 2021 дар ҷаласае дар Созмони Милал онҳоро ваъдахилоф номид.

"Аз сӯйи ҳаракати "Толибон" иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст," – гуфта буд ӯ.

Толибон ҳукуматашонро ҳамашумул ё фарогир медонанд, вале ҷобаҷо кардани ҷангҷӯёни тоҷик дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зоҳиран ихтилофи назар миёни Кобулу Душанберо ба зудӣ одӣ карданӣ нест.

XS
SM
MD
LG