Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев масири фарохазариро барои содироти нафт беҳтарин номид


Атирау, Қазоқистон

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 7-уми июл, як рӯз баъд аз нашри хабари қатъи фаъолияти Консорсиуми лӯлаи Хазар, ба муҳлати як моҳ гуногунсозии роҳи интиқоли нафтро ба хориҷ "вазифаи муҳим" номид.

Вай дастур додааст, ки беҳтарин интихоби иҷрои масири фарохазариро коркард ва тавонмандии ду лӯлаи нафтро афзоиш диҳанд.

"Самти афзалиятнок масири фарохазарӣ мебошад. Ба "ҚазМунайГаз" супориш медиҳам, ки беҳтарин гузинаи татбиқи он, аз ҷумла имкони ҷалби сармоягузоронро таҳия кунад", - изҳор доштааст ӯ.

Тоқаев ҳамчунин дастур дод, ки бандарҳои Қазоқистон ба марказҳои пешрафтаи баҳри Хазар табдил дода шаванд.

Изҳороти Тоқаев пас аз он садо дод, ки додгоҳи ноҳияи Приморский 5-уми июл фаъолияти Консорсиуми лӯлаи Хазарро ба далели нақзи қоидаҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои 30 рӯз боз доштааст. Қисми зиёди нафт аз Қазоқистон ба воситаи ин Консорсиум содирот мешавад.

XS
SM
MD
LG