Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии рӯйдодҳои Хоруғ ва Рӯшон дар Порлумони Аврупо


Порлумони Аврупо
Порлумони Аврупо

Порлумони Аврупо рӯзи 6-уми июл вазъиятро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ намуд.

Дар ин баҳс вакилони маҷлиси қонунгузори Иттиҳоди Аврупо аз истифодаи барзиёди нерӯ дар баробари сокинони норозии ВМКБ, ҳалокати одамон, поймол шудани ҳуқуқи инсон ва фишор ба матбуоту рӯзноманигорон изҳори нигаронӣ карданд.

Вакилон аз Австрия, Олмон ва Лаҳистон (Полша) Кристан Сагартз, Карстен Луке, Енгин Ероглу, Ричард Сернетски ва Сергей Лагодински аз порлумон хостанд, дар баробари чунин вазъ ва бо назардошти уҳдадориҳои Тоҷикистон ба риояи эъломияи ҳуқуқи башар ва қонунҳои худи ин кишвар ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оварад.

Узви Комисюни Аврупо Вирҷиниюс Синкевичюс гузориш дод, ки мақомоти Тоҷикистон дар муқобили тазоҳуркунандагон аз силоҳ истифода карданд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Вай ҳамчунин ба ҳабси садҳо нафар ва саркӯби матбуот ишора намуд.

Синкевичюс ҳамзамон гуфт, ки сафирони се кишвари Аврупо бо шурӯи ҳодисаҳо дар ВМКБ дар моҳи май дар эъломияе нигаронии худро аз вазъ дар минтақа баён доштанд. Аммо ӯ пешниҳод намуд, бояд ба ҳукумати Тоҷикистон расонда шавад, ки ниҳодҳои интизомияш тибқи асли волоияти қонун амал намоянд ва ба фишору саркӯб хотима диҳанд.

Узви Комисюни Аврупо эълом дошт, ки вазъият дар ВМКБ ва куллан Тоҷикистонро бо диққати тамом пайгирӣ мекунанд ва хостори таҳқиқи байнулмилалӣ ва мустқилонаи ин руйдодҳо буда, нигарониҳои худро дар машваратҳои сиёсӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябр иброз хоҳанд дошт.

Дар ҷаласаи Порлумони Аврупо қарор шуд, раъйдиҳӣ дар масъалаи қатъномааш роҷеъ ба вазъ дар ВМКБ рӯзи 7-уми июл баргузор гардад.

Вазъ дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 17-уми майи имсол ва баъди он печида шуд, ки гуруҳе аз сокинон роҳи низомиёнро аз Душанбе ба самти Хоруғ бастанд. Мақомот 18-уми май гуфтанд, дар онҷо амалиёти "зиддитеррористӣ" мегузаронанд ва норозиёнро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номиданд, ки ба гуфтаи онҳо, барои ноором кардани кишвар аз хориҷ дастур мегирифтанд. Сокинон мегӯянд, барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромада буданд.

Ба иттилои расмӣ, дар пайи амалиёти мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар моҳи майи имсол, 16 кас кушта ва 220 нафар дастгир шудаанд. Манобеи ғайрирасмӣ шумораи қурбониёнро аз ин бештар мегӯянд.

XS
SM
MD
LG