Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи ғайриодии Дилрабо ва ҳамтақдиронаш дар Душанбе


Сабқати шахсони маълул дар Душанбе
Сабқати шахсони маълул дар Душанбе

Дар як мусобиқаи ғайриодӣ дар Душанбе рӯзи 4-уми июл шахсони маъюб ё имконияташон маҳдуд байни ҳам қувва озмуданд.

Дилрабо Эрматова, маъюби гуруҳи дуюм, дар дастхобонӣ миёни духтарон пирӯз шуд. Ӯ мегӯяд, баргузории чунин маъракаҳо барояшон нерӯ мебахшад.

Тақрибан сад ҳамтақдири Дилрабо дар баробари дастхобонӣ дар мусобиқаи баскетбол бо аробача ва бадминтон низ нерӯи худро санҷиданд.

Ғайрат Тухтасунов, мураббии баскетбол бо аробаи маъюбӣ, аз он изҳори ташвиш кард, ки бо вуҷуди талошҳои зиёд шахсони маълул мушкилҳои ҳалношудаи зиёде доранд.

Ӯ мегӯяд, шаш сол пеш гурӯҳеро таъсис дод, ки бо ароба баскетбол мебозанд, вале ба сабаби набудани ёрии кофӣ дар ҳоли аз байн рафтан аст.

"Ҳоло ба ароба ниёз дорем. Варзишгарон барои тамрин ва мусобиқаҳо аз он истифода мекунанд. Агар онҳо хоҳанд, ки оянда ин навъи варзиш рушд кунад, ба мо кумак кунанд, вагарна аз байн меравад," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳар сол ҳаштуми июл рӯзи шахсони маълул таҷлил карда мешавад. Ин қишри ҷомеа умед доранд, ки бо баҳонаи ҷашн масъулон ба мушкили онҳо расидагӣ ва ё ҳадди ақал таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ҳамчун маъюб ё шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд сабт шудаанд. Зиёда аз 27 ҳазори онҳо то 18-сола ҳастанд.

Баъзе аз маъюбон мегӯянд, бо шароиту нафақае, ки ҳоло доранд, зиндагӣ кардан душвор аст. Мақомот мегӯянд, онҳо аз имтиёзҳое чун ҳаракати ройгон дар нақлиёти иҷтимоӣ, пардохти нисфи пули телефони хонагӣ баҳравар буда, андози заминро ҳам намедиҳанд, вале маъюбон онро нокофӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG